Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов паёми солонаашро ироа кард



Абдуқаюми Қаюмзод



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми солонаи худ ба парлумон сиёсати хориҷии кишварашро сиёсати дарҳои боз номид. Раҳмонов дар паёмаш аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, то муносиботро дар заминаи анъана ва суннатҳои пешина ба роҳ монанд. Раҳмонуф ҳамчунин хостори рушди равобит бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шуд. Вай вобаста ба қазияи Ироқ мавқеи кишварашро кӯтоҳ баён дошт.

Вай гуфт:"Мо изҳори таасуф менамоем, ки иқдомоти то алҳол амалишудаи сиёсиву дипломатӣ натиҷаи дилхоҳ надоданд ва кор бо ҷанг анҷомид. Вале мо ҳанӯз ҳам ҷонибдори бо роҳи мусолиматомез ҳал шудани қазияи Ироқ ҳастем. Ва умедворем, ки ин тариқаи аз байн бурдани сабабҳои ҷанг ба нафъи ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд."

Президент Раҳмонов ворид намудани тағйирот ба Сарқонуни Тоҷикистонро як амри воқеӣ хонд.

XS
SM
MD
LG