Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши англисӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи ҷумъа, 4 апрел дастур дод, то омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар макотиби миёнаи кишвар ҳатмӣ гардонида шавад.

Сергей Миронов раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ки дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе буд, аз ин қарори ҳукумати Тоҷикистон истиқбол кардааст. Вай гуфтааст пас аз бозгашт ба Русия бо ташкили як маърака барои макотиби Тоҷикистон китобҳои русӣ ҷамъ хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи ҷумъа бо Сергей Миронов мулоқот ва масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG