Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад?



Абдуқаюми Қаюмзод

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони байналмиллалӣ ин масъаларо дар як конфронс дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва пуштибонии Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе конфронсе зери унвони "Омодагӣ ба интихоботи соли 2005" доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси Олӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон аз созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.

Марк Жилбер - раиси Маркази САҲА дар Душанбе гуфт, ҳадаф аз баргузории конфронс омодагӣ ба интихоботи умумихалқии парламентии Тоҷикистон дар соли 2005 ум мебошад. Ҷаноби Жилбер афзуд:"Барои баргузории интихоботи мунсифона, демократӣ, шафоф ва дар Тоҷикистон ин кишварро зарур аст ҳадди аққал чанд мароҳили демократиро ҳамаҷониба пушти сар кунад."

Мирзоалӣ Болтуев - раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфт, Қонуни интихобот соли 1999 дар як муддати кӯтоҳ ва маҳдуд қабул гардид. Дар ҳоли ҳозир вобаста ба ислоҳоти Сарқонун ва ҳамчунин бо тақозои бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалии мустақар дар Тоҷикистон зарурати ислоҳи Қонуни интихобот ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд:"Як ҳавзаи интихоботӣ се чор ноҳияро дар бар мегирад. Мисол мегирем, ноҳияи Ҷиргатол, Тоҷикобод, Ғарм, Тавилдара, Дарбанд як ҳавзаи интихоботиро ташкил мекунанд. Аҳзоби сиёсӣ агар дар ин ноҳияҳо намояндагӣ надошта бошанд наметавонанд дар пленумҳои комиссия ширкат кунанд, ки дар ин ҷо номукаммалиҳо ба назар мерасанд ва қонун бояд инро дуруст кунад."

Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ бар ин назаранд, ки дар интихоботи навбатӣ низ мисли интихоботҳои қаблӣ имконот ва ширкати онҳо маҳдуд карда мешавад. Ба назари онҳо, худи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки рафти интихоботро назорат мебарад, ниҳоди мустақил нест ва ниёз ба як тағйироти куллӣ дорад.

Мирҳусейн Нарзиев - муовини раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни интихоботи феълии кишварро ноқис хонд ва гуфт:"Аввал бояд, ки бахши ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани нафароне, ки ба қонуншиканӣ дар интихобот даст мезананд, тақвият дода шавад. Дуввум худи салоҳияти мустақилияти Комиссияи марказии интихобот ба тағйирот ниёз дорад, чаро ки интихоботҳои гузашта нишон дод, ки дар бисёр ҳолатҳо ба комиссияҳо шахсони ҳукумат шомил карда шуданд, ҳоло он ки қонун ин корро раво намедонад"

Ёдовар мешавем, ки феълан дар Тоҷикистон шаш ҳизби сиёсӣ расман фаъолият доранд. Дар парламенти кишвар намояндагони се ҳизб, Ҳизби Халқӣ Демократӣ, Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзати Ислом соҳиби курсӣ мебошанд. Аммо беш аз 80 дарсади овозҳоро дар парлумон Ҳизби Халқӣ Демократии президент Раҳмонов дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG