Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши омӯзгорони тоҷик афзуда мешавад



Сафаргул Олимӣ



Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, аз 1 апрели соли равон музди меҳнати як идда аз кормандони соҳаи маорифи кишвар 30 фоиз боло бурда шавад. Мутобиқи ин дастур маоши директорони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, муовинони онҳо, раҳбарони интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва дигар муассисаҳои таълимӣ 30 фисад афзоиш меёбад.

Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин тасмими ҳукумат омӯзгорони тоҷикро чандон хурсанд накардааст. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ин 30 дар сад, яъне 5 ё 6 сомонӣ мушкили фаровони омузгорони камбизоатро кам намекунад.

Гузориши муфассал дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG