Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба раъйпурсӣ роҷеъ ба ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Дар нахустин ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон масъалаи кори ҳавзаҳои раъйгирӣ ва тарҳи варақаи раъйпурсӣ баррасӣ шуд.

Ҳайати кории Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон рӯзи душанбе, 31 март бо баргузор кардани нахустин ҷаласаи комиссия дар мавриди референдум роҷеъ ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ тарҳи варақаи овоздиҳӣ ва масоили дигари омодагӣ ба ин маъракаро баррасй кард.

Тарҳи варақаи раъйдиҳиро ахиран Маҷлиси Намояндагон бо қарори худ муайан сохта буд ва Комиссияи марказии интихобот дар идомаи ин суол ки "Оё шумо тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосиро қабул мекунед", танҳо ин илова ҲА ва ё НЕ - ро ҳамроҳ намуд.

Ба ин тартиб варианти ахири варақаи раъйдиҳӣ бо навиштаҳои "Шумо тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистонро қабул мекунед", "Ҳа ва ё Не", дар рӯзи референдум ба мардум дода хоҳад шуд.

Бар асоси барномаи баргузории референдум, раъйдиҳӣ дар 68 ҳавзаи навоҳию шаҳрҳои Тоҷикистон сурат мегирад. Аммо дар мавриди ин ки то рӯзи ҳамапурсӣ аз банду моддаҳои тағйирхӯрдаи Қонуни Асосӣ мардум огоҳ хоҳанд шуд ва Комиссияи марказӣ дар ин роҳ чораҳое меандешад? Оқои Додоҷонов - намояндаи Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, Маҷлиси Намояндагон аз ҳисоби депутатҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки дар навоҳию шаҳрҳои Тоҷикистон мардумро ба иловаю тасҳеҳҳо ошно мекунанд.

Аксари аҳзоби сиёсӣ бо назардошти ин ки беш аз 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Русия ба сар мебаранд, баргузории референдумро дар кишвар созгор намеҳисобанд.

Комиссияи марказии интихобот тасмим гирифтааст, дар чаҳор шаҳри бузурги Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирк ва Самара шароити раъйдиҳиро барои тоҷикон фароҳам созад.

Муҳибулло Додоҷонов - намояндаи Комиссияи марказии интихобот мегӯяд, намояндагони созмонҳои байналмиллалии ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва умури интихобот метавонанд, ҷараёни овоздиҳиро назорат кунанд. Ва чунин ҳуқуқро Қонуни референдуми Тоҷикистон ба аҳзоби сийосии кишвар низ додаст.

Оқои Додоҷонов меафзояд:"Мо шароит фароҳам мекунем, ки аз тамоми аҳзоби сиёсӣ намоянда барои назорати раъйдиҳӣ бошад. Дар участкаҳои интихоботӣ ҳамин хел мешавад."

Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳи Сарқонун ва баргузории референдум аслан бо талоши ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Халқӣ Демократӣ сурат мегирад, аз ин рӯ ширкати нозирони ҳизбҳои дигар ва шикояти онҳо дар ин ё он масъалаи ҳамапурсӣ аҳамияте нахоҳад дошт.

Раиси ситоди Ҳизби Демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев дар ин маврид мегӯяд:"Ҳамин хел нагузоранд, ки фақат як ҳизби ҳоким дар он ҷо сарвар бошад ва аксариятро ташкил кунад. Аксари намояндагони ҳукумат бисёриҳоро аз ҷумла директорони мактабҳоро маҷбур ва ё бо хоҳиши худ аъзои Ҳизби Халқӣ Демократӣ карданд, ки асоси ҳавзаҳои интихоботиро онҳо ташкил медиҳанд."

Дар ҳамин ҳол тибқи иттиллои маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, қарор аст 3-уми апрел дар пойтахти Тоҷикистон таҳти унвони "Омодагӣ ба интихоботи умумихалқии соли 2005" конфронси байналмиллалӣ баргузор шавад.

Интизор меравад, дар ин нишаст аҳзоби сиёсии Тоҷикистон назару мавқеи худро дар мавриди ҳамапурсӣ роҷеъ ба ислоҳи Қонуни Асосии кишвар баён доранд. Тибқи барномаи конфронс, дар он раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси Намояндагон Саӣдулло Хайруллоев ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG