Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи тракторсозӣ... дар Душанбе



Абдуқаюми Қаюмзод

Ин муассисаи муштарак дар заминаи корхонаи "Текстилмаш" ва корхонаи тракторсозии Харкови Украина сохта мешавад.

Корхонаи "Текстилмаш"-и шаҳри Душанбе бо корхонаи тракторсозии шаҳри Харкови Украина тавлиди муштараки тракторҳоро ба роҳ хоҳад монд. Қарор аст, то поёни соли 2003 ин корхонаи муштарак сад адад трактори ҷуфтиро истеҳсол намояд.

Абдукарим Абдураҳимов, муовини раиси департаменти вазорати саноати Тоҷикистон гуфт, як ҳайъати коршиносон ва мутахассисони корхонаи тракторсозии шаҳри Харкови Украина тайи чанд руз аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дидан намуда, шароит ва иқтидори тавлидотии корхонаи "Текстилмаш"-и Душанберо барои бунёди корхонаи муштараки тавлиди трактор ё мошинҳои ҷуфтӣ мувофиқ донист.

Ҷаноби Абдураҳимов гуфт: "Мо ба ин гуруҳ ду корхонаи "Текстилмаш" ва "Ҳумо", яъне "Тоҷикгидроагрегат"-и собиқро дар шаҳри Душанбе нишон додем. Ва ба ин хулоса омадем, ки як корхонаи муштарак дар байни Тоҷикистону Украина дар асоси ду корхона - корхонаи тракторсозии шаҳри Харков ва "Текстилмаш"-и шаҳри Душанбе доир ба васл намудан ва тайёр кардани баъзе аз қисмҳои ин трактор таъсис диҳем. Мо ният дорем, бо тавлиди 100 трактор дар як сол аз соли ҷорӣ ба ин кор шуруъ кунем."

Коршиносони риштаи кишоварзии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки тавлиди мошинҳои ҷуфтӣ дар Душанбе мушкили хоҷагиҳои деҳқониро, махсусан дар амри харидории ин гуна мошинҳо, осон месозад. Ба ақидаи онҳо, соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, ки умдатан бо техника ва мошинҳои истеҳсоли украинӣ фаъолият пеш мебарад, заминаи ҳамкориҳои ин ду кишварро то ҳоли ҳозир устувор нигоҳ доштааст.

Тибқи иттилоъи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, Украина яке аз кишварҳои собиқи шуравист, ки бо Тоҷикистон равобити хуби иқтисодӣ дорад. Ғафур Расулов, сухангуи ин вазорат гуфт, соли гузашта як корхонаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар заминаи корхонаи арзизи тоҷик ташкил шуд, ки ба истеҳсоли кабел машғул аст.

Абдукарим Абдураҳимов гуфт, мошинҳои ҷуфтие, ки корхонаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Душанбе истеҳсол мекунад, аз 18 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд, аммо ин нарх бист дар сад аз нархе, ки Тоҷикистон чунин мошинҳоро аз Украина харидорӣ мекунад, арзонтар мебошад. Ҷаноби Абдураҳимов афзуд, асноди ҳуқуқии таъсиси корхонаи муштараки тавлиди трактор зимни сафари Леонид Кучма, президенти Украина ба Тоҷикистон дар авоили моҳи апрел ба имзо хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG