Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози созмони шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон



Абдуқаюми Қаюмзод

Созмони душанбегии Ҳизби Демократи Тоҷикистон мухолифати худро ба баргузории референдум роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ эълон кард.

Созмони шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Душанбе бо пахши як изҳорот мухолифати худро дар мавриди баргузории референдум роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ эълон кард.

Дар изҳороти созмони шаҳрии Ҳизби Демократ гуфта мешавад, беш аз 1 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бархурдор аз ҳаққи раъй ҳастанд, берун аз кишвар ба сар мебаранд. Ва ҳанӯз аз имзои Созишномаи умумии сулҳ мӯҳлати зиёде нагузаштааст, аз ин хотир зарурати ислоҳоти Қонуни Асоси ба вуҷуд наомадааст. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, раёсати шаҳрии созмони Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба нишони эътироз, аз ширкат дар раъйпурсӣ даст мекашад.

Аслиддин Соҳибназаров - раиси созмони шаҳрӣ ва муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт, ҳадафи асосии баргузории референдум ҳамоно банди чаҳоруми моддаи 65-уми Қонуни Асосӣ ҷорӣ аст, ки барои бори дигар ба чавкии қудрат баргузидани президенти кунунӣ имконият намедод.

Оқои Соҳибназаров гуфт:"Мо бо диққат ва бисёр ҷиддан бо пешниҳодоти намояндагони Маҷлиси Намояндагон шинос шудем. Ҳар чизе ки пешниҳод шудааст, аслан маънии грамматикӣ доранд, вале тағйироти асосие, ки пешниҳод шудааст ва ғаразнок низ мебошад ин қисмати 4-уми банди 65-ум Қонуни Асосӣ аст."

Дар изҳороти созмони шаҳрии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Душанбе омадааст, баргузории маъракаи раъйпурсӣ ҷиҳати ислоҳоти Қонуни Асосӣ ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро маҳдуд, ризоияти миллиро коҳиш ва мавқеи ҳукумати кунуниро, ки давоми беш аз даҳ сол натавонистааст, ҳеҷ пешравие дар иқтисоди мамлакат оварад, мустаҳкам месозад. Ислоҳи Сарқонун имконияти ба тарзи ғайридемократӣ интихоб намудани президенти кунуниро қонунӣ мегардонад.

Аммо коршиноси мустақили тоҷик Султони Ҳамад пешниҳоди ислоҳот дар Қонуни Асосиро, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси Олӣ сурат гирифт, ҳаққи конститутсионии онҳо меҳисобад. Дар баробари ин оқои Ҳамад мегӯяд, демократҳо ҳам тибқи қонунҳои мавҷуд ҳақ доранд, ки ин ва ё он маъракаи сиёсиро таҳрим кунанд.

Аслиддин Соҳибназаров - раиси созмони Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Душанбе, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳоли ҳозир худи президент Раҳмонов ҳамчун кафили Қонуни Асосӣ мавқеи худро дар робита ба ислоҳи Сарқонун ошкор накардааст.

XS
SM
MD
LG