Муҳаммадраҳими СайдарКоршиносон арзиши ин осори хаттиро беш аз 600 ҳазор доллар муайан карданд.
Полиси Маскав ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дастхати нодири китоби муқаддаси яҳудиён Таврот боздошт кард, ки гуфта мешавад, аз яке аз осорхонаҳои Тоҷикистон дуздида шудааст ва қочоқбарон онро ба яҳудиёни муқими Маскав бо нархи 1 миллиону 200 ҳазор доллари Амрико ба савдо гузошта буданд.
Юрий Юдин - сухангуи дафтари матбуоти Идораи марказии мубориза бо ҷиноёти иқтисодии вазорати умури дохилаи Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав бо эъломи ин хабар гуфт, қочоқбарон дар ҷараёни фурӯхтани дастхат дар Маскав дар ҳоле дастгир шуданд, ки 350 ҳазор доллари колои худро дарёфт карда буданд.
Вай мегӯяд:"Ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба тозагӣ аз Душанбе ба Маскав омадаанд, ба ҷурми қочоқи як дастхати нодир, рӯзи 17 март дар Маскав ба ҳангоми фурӯхтани дастхати нодир бо иттифоқи харидорон дастгир шуданд."
Вай афзуд, ин дастхат дар як пусти 16 метрӣ сабт ва ба гуфтаи коршиносон дар асри 16 китобат шудааст.
Сухангуи полиси Маскав гуфт, яке аз қочоқбарон майдасавдогар буда, Юсуф Махдумов ном дорад ва дуввум Ашӯр Урумбоев ном дошта, худро ходими осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини раиси Ассосиатсияи кикбоксинги Тоҷикистон муаррифӣ кардааст ва ба ҳамин далел тахмин меравад, ки дастхати Таврот шояд моли осорхона бошад.
Аммо манбаъҳои осорхонаҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе, вуҷуди одамеро бо исми Ашур Урумбоев дар шумори ходимони осорхонаҳо рад карданд.
Дар ҳоле ки идораҳои марбутаи Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи гум шудани як осори нодир аз кишвар ибрози бехабарӣ карданд, дар Маскав коршиносон барои ташхиси арзиши воқеъии он талош доранд.
Ба гуфтаи манбаъҳои вазорати умури дохилаи Русия, коршиносони ҷиноии ин идора онро 500-600 ҳазор доллар арзиш гузоштанд. Аммо Борух Горин - сухангӯи Хахоми аъзами Русия - Берл Лазар мегӯяд, ки агар дастхати мавриди назари Таврот муттаалиқ ба шеваи ямании забони яҳудии қадим бошад, арзиши он ба маротиб бештар хоҳад буд.
Вай гуфт:"Эҳтимол меравад, ин дастхат на тумори Таврот, балки шояд тарҷума ва тафсири он ба забони форсӣ ва иврит, забони аҳди бостони яҳудиён ташкил шуда ва решаҳои он ба лаҳҷаи ямании забони яҳудӣ мерасад. Дар ин сурат дастхат нодир ва ба маротиб арзишманд хоҳад буд."
Ҳар ду ҳамсӯҳбати мо дар ҷавоб ба саволи ин ки оё пас аз бозрасӣ, агар муқаррар шавад, ки ин дастхат аз осорхонаи Тоҷикистон дуздида шудааст, ба Тоҷикистон бозпас дода мешавад ё не, гуфтанд, ки агар дар байни Тоҷикистон ва Русия дар ин замина қарордоде мавҷуд бошад, бозпас гардонида мешавад, зеро он моли Тоҷикистон ҳисоб меёбад.