Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон мухолифи ислоҳи Сарқонуни кишвар аст



Мирзонабии Холиқзод

Ҳаракати сиёсии дигар Кунгураи Халқҳои Тоҷикистон гуфт, тағйири зуд-зуд эътибори Сарқонунро аз байн мебарад.



Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, ки яке аз аҳзобии расмии кишвар мебошад, бо изҳори мавқеи худ мухолифаташро ба ҷараёни тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосӣ баён дошта, таъкид мекунад, ки ин иқдом аслан аз ҷониби танҳо Ҳизби Халқӣ Демократӣ сурат гирифтааст. Ва азбаски парлумон тақрибан як органи гапшунави ҳукумат мебошад, бидуни чанду чун ба тасҳеҳи бунёдии Қонуни Асосӣ шурӯъ кард.

Раиси ин ҳизб Мирҳусейн Назриев мегӯяд:"Воқеан имрӯз он ислоҳоте, ки гурӯҳи депутатҳои Маҷлиси Намояндагон, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонанд мехоҳанд, таввасути раъйпурсӣ ба Сарқонун дохил кунанд, намояндагони Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистонро то андозае ба ташвиш овардааст. Мушаххасан мегӯям, ки мо мухолифи ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни Тоҷикистон ҳастем."

Аз шарҳи оғои Назриев рушан мегардад, ки ҳадафи аслии ислоҳи банд ба банди Конститутсияи Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тамдиди давраи раёсати президенти феълии кишвар аст.

Ҳизби Сотсиалистӣ ба ин назар аст, ки парлумон ба масъалаи тағйиру иловаҳо бо шитобзадагӣ муносибат мекунад. Ва кушиш дорад ҳарчӣ зудтар бидуни огоҳии мардум аз тағйиру иловаҳо, ҳамапурсӣ баргузор кунад.

Ва аммо намояндаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Абдуалӣ Абдулоев дар расидагӣ ба ин суол, ки чаро ҳукумат талош дорад маҳз дар соли равон ҳамапурсиро баргузор ба ва Сарқонун тағйирот ворид кунад, дар ҳоле ки барои давраи раёсати президенти кунунӣ 4 соли дигар дар пеш аст, гуфт:"Мӯҳлати 7 солаи президентӣ ҳанӯз поён наёфтааст ва ҳамагӣ ними он гузаштаасту тамом. Ман ин ҳамапурсиро зудҳангом меҳисобам ва он ба таври маснӯӣ барои он баргузор мешавад, ки намояндагиҳои маҷлис садоқати худро ба ҳукумат зоҳир кунанд ва барои ҳифзи ҳузурашон пас аз интихоботи нав дар порлумон аз ҷониби ҳукумат итминон ҳосил кунанд. Зеро дар соли оянда интхоботи парлумон баргузор хоҳад шуд ва бархе аз депутатҳое, ки таъинӣ ҳастанд на интихобӣ аз ҳоло ба ташвиш афтодаанд. Оё онҳо дар интихоботи оянда пирӯз мешаванд, ё не инро ҳукумати кунунӣ муайан хоҳад кард."

Аз сӯҳбат бо намояндаи Ҳизби Коммунист маълум мегардад, ки миёни ҳукумат ва парлумон дар мавриди таҳриру тасҳеҳи зудҳангоми Қонуни Асосӣ доду ситад сурат мегирад.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, аксари намояндагони парлумони Тоҷикистон бештар ба як мансабдори курсинишин монанд ҳастанд, на ба як депутате, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст.

Дар ҳамин ҳол Кунгураи Халқҳои Тоҷикистон низ мавқеи худро дар мавриди тағйиру иловаҳо ва референдуми қарибулвуқӯъ баён дошт. Муовини раиси кунгура Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, кунгура комилан мухолифи тағйиру иловаҳост, зеро барои манфиати танҳо як нафар дигаргун намудани бандҳои муҳим эътимоди мардумро ба Қонуни Асосӣ зери суол мегузорад.

XS
SM
MD
LG