Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши СММ роҷеъ ба рушди инсонии Тоҷикистон дар соли 2002



Раҳматкарими Давлат

Як бахши муҳими ин гузориш рушди низоми мухобирот дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Гузориши солонаи барномаи рушди захирахои инсонӣ ва ё тавсиаи инсонии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) роҷеъ ба Тоҷикистон барои соли 2002 асосан ба рушди васоили мухобиротӣ дар ин кишвар ихтисос ёфтааст. Таҳиягарони гузориш ба ин назаранд, ки рушди системаи телекоммуникатсионӣ ва инфраструкрураи ҳар навъи дигари иртиботот шарти муҳими иҷрои барномаи фақрзудоӣ дар Точикистон мебошад.

Метю Каҳани, раҳбари дафтари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар иртибот ба ин масъала гуфт:

"Мушкили аз ҳама умда дар ин соҳа камбуди технологияи ҷадид ва истгоҳҳои нави телефонист. Дар Душанбе ва Хуҷанд вазъ каме беҳтар аст, вале дар соири манотиқ истгоҳҳои телефонӣ аслан вуҷуд надоранд ваё хеле куҳна шудаанд, ки имкони пайваст шудан ба шабакаи интернетро надоранд. Ин масъала танҳо дар сурати ба вуҷуд омадани шароит барои фаъолияти пурсамар ва рақобати ширкатҳои телекоммуникатсионӣ дар бозори хадамоти мухобиротӣ ҳал хоҳад шуд."

Аммо Саид Зубайдов, вазири мухобироти Тоҷикистон мегуяд, таҷдиди шабакаҳои телефонӣ, хусусан дар марказҳои асосии кишвар, яке аз шартҳои аслии барномаи рушди телекоммуникатсия мебошад. Ба гуфтаи оқои Зубайдов, иҷрои ин барнома имкон медиҳад, сифати хадамоти интернетӣ низ беҳтар шавад. Вай меафзояд:

"Имруз кадом АТС-и аналогие, ки дар Душанбе дорем, истгоҳҳои 21, 35, 33 ва дигар истгоҳҳои аналогӣ, ҳамаи онҳо иваз мешаванд. Мо ният дорем, то 25-уми ноябр ё шояд то охири сол ҳамаи инҳоро дар шаҳри Душанбе ба сатҳи баланд бардорем, яъне ҳаммаи онҳоро бо АТС-ҳои рақамӣ иваз намоем. То охири сол агар мо шаҳри Душанберо аз ин касодӣ берун барорем, пас аз ду ё се сол дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон дар заминаи вазорати алоқа бо опреаторҳои давлативу шахсӣ имкон дорад, инро барои ҳамаи аҳолии кишвар дастрас гардонем."

Шумораи ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон ахиран то 5 адад афзоиш ёфта, ва ҳаққи хидмати телефони ҳамроҳ ва ё мобайл низ бо руи кор омадани ширкатҳои ҷадид коҳиш пайдо кардааст. Вале ҳамоно, тибқи ҳисоби нашршуда, шумораи истифодакунундагони интернет як дарсади аҳолии Тоҷикистонро низ ташкил намедиҳанд.

Ба назари коршиносон, чунин вазъият далели пастии мизони иқтисод ва ҳамчунон зери хати фақр ба сар бурдани аксари кулли аҳолӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG