Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии созмони ЮСАИД барои маблағгузории барномаи "Ҷамоатҳои Солим"



Сафаргули Олимӣ

Раҳандозии ин барнома бо ширкати мустақими ҷомиа анҷом хоҳад ёфт.

Оҷонсии Рушди Байнулмилалии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, ЮСАИД, дар чаҳорчубаи барномаи беҳдошти ҷамоатҳои солим дар Тоҷикистон ба тарҳҳое, ки соҳаи тандурустии ин кишварро беҳбуд мебахшанд, аз 5 то 20 ҳазор доллар кумаки бебозгашт мекунад. Ин нуктаро рузи 18-уми март дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе Кеннет Гросс баён дошт. Вай аз ҷумла гуфт:

"Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои "Каунтерпарт Консортсиум", "Здравплюс" ва "АБТ Ассошиейтс" пиёда мегардад.Ҷамоатҳои маҳаллиро мебояд,ки ҳангоми ошкор сохтани мушкилот дар самти беҳдошт ва татбиқи барнома нақши умдаро бозанд. Самтҳои муҳими фаъолиятро худи аъзои ҷамоатҳои маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳҳои иҷтимоӣ муайян хоҳанд кард."

Носир Темуров, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ҳамкорӣ бо чунин созмонҳо барои иҷрои нақшаҳои муҳиме, ки ин вазорат дар уҳда дорад, кумаки мекунад. Вай афзуд:

"Мақсаду мароми барнома ҷалби омма ва масъулияти омма нисбат ба саломатии худу аҳли хонаводаи худ ва нисбат ба саломатии аҳли ҷомиа аст. Ман фикр мекунам, ки дастгирии ташкилоти байналхалқӣ якҷо бо вазорати тандурустӣ ва дар амал татбиқ кардани ин барнома ба халқи мову мамлакати мо хеле беҳбудӣ меорад."

Сарвари созмони "Каунтерпарт Консортсиум" дар Тоҷикистон Дилором Атобоева роҷеъ ба аҳамияти барномаи мазкур ва нақши созмонаш дар ҷараёни татбиқи он чунин гуфт:

"Барои самарабахшии хидматҳои "Каунтерпарт" марказҳои дастгирии ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон фаъолият мебаранд ва шарикони "Каунтерпарт" ҳастанд, саҳми бузург доранд. Барномаи нави тандурустӣ ҳам бевосита бо иштирок ва ҳамкории ин созмонҳо дар миқёси ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд."

Тибқи маълумоти барномаи ҷадиди "Ҷамоатҳои солим дар Тоҷикистон", ҳадафи ниҳоии ин барнома дарёфтани роҳҳои осони ҳалли мушкилоти риштаи беҳдоштӣ ва раванди демократикунонии соҳаи тандурустии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG