Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти пешниҳодии Комиссияи Маҷлиси Намояндагон оид ба даври президентӣ



Абдуқаюми Қаюмзод

Ду давра, ҳар давра 7 сол

Абдумаҷид Достиев - муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон ва раиси Комиссияи ҳамоҳангсоз оид ба тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари расонаҳоро дар мавриди ду панҷсола тамдид намудани мӯҳлати ваколати раисҷумҳур нодуруст хонд.

У гуфт Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоди гурӯҳи депутатҳоро ба банди чаҳоруми моддаи 65-ум, ки мегуфтанд ибораи мӯҳлати ҳафтсола комилан бардошта шавад, напазируфт. Ба гуфтаи ҷаноби Достиев бо пешниҳоди худи президент Раҳмонов мӯҳлати ваколати раиси ҷумҳур аз як навбати ҳафтсола ба ду навбат, вале бе тағйир додани мӯҳлат дар сол, табдил дода мешавад.

Абдумаҷид Достиев меафзояд:" Ва мӯҳлат ҳам, худаш бо пешниҳоди президенти кишвар, ки раиси ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ҳамин хел омад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад, ду бор пайиҳам интихоб шавад. Ҳафтсолӣ дар Сарқонуни кишвар ҳаст ва мо он меъёрашро даст нарасидем ва комиссия ҳам дар вақти ҷамъбаст дастгирӣ мекунад, чунки чандин бор беҳтар аз он аст, ки мӯҳлат муайян набошад."

Дар ҳамин ҳол мавзӯи тағйироту иловаҳоро ба Сарқонуни кишвар, Франклин Ҳаддл - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода - вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни як мулоқот дар миён гузоштанд.

Сафири Амрико дар суҳбат гуфтааст, таҷрибаи идораи давлат аз ҷониби як нафар барои ду бор вуҷуд дорад ва он метавонад қобили қабул бошад. Муҳҳамдшариф Ҳимматзода гуфт:"Нуқтаи назари онҳо (сафири Амрико) ҳам ин аст, ки яъне имкон дода шавад, ки як шахс битавонад ду давр номзад шавад. Ин як чизи маъмулӣ аст, ки дар ҳамаи дунё як шахс метавонад, пай дар пай ду бо номзад шавад."

Аммо Муҳаммадшариф Ҳимматзода - муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир набояд ба Сарқонун тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Ҳамагӣ се сол қабл Сарқонунро аз роҳи раъйпурсӣ бо тағйиру иловаҳо тасҳеҳ карда буданд. Ҷаноби Ҳимматзода гуфт, маҳз бо исрори ҷониби ҳукумат моддаи 65 тағйир ёфт, мӯҳлати ваколати раисҷумҳур аз ду панҷсола ба як ҳафтсола иваз гардид. Ҷаноби Ҳимматзода ба он ишорат кард, ки дар соли 1992 низ Шӯрои Олӣ борҳо Конститутсияро тағйир дод.

Вай ҳамчунин афзуд:"Агар ҳамин хел рафтан бигирад, ҳар чанд сол тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ворид шудан бигирад, инам мисли Конститутсияи соли 1992 мешавад, ки дар ин сол Конститутсия дар ҳар як ҷаласаи Маҷлиси Олӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид мешуд. Мо мӯътақидем ҳастем, ки Конститутсия бояд фарқ кунад аз дигар қонунҳо. Ба қонунҳо бо тақозои вақту замон тағйиру иловаҳо ворид мешавад, Конститутсия бояд тавре карда шавад, ки ба ин шакл тез-тез тағйироту иловаҳо ворид карда нашавад."

Абдумаҷид Достиев гуфт, дар феҳрасти пешниҳодоти тағйироту иловаҳо, ки Комиссияи ҳамоҳангсоз баррасӣ мекунад, дар масъалаи тағйирот ва ё барҳам додани парлумони болоии кишвар чизе гуфта нашудааст. Вай афзуд:"Ҳангоми муҳокимарониҳо ҳамин хел чизҳо буд, лекин модоме ки ин яке аз он падидаҳое ҳаст, ки таввасути ба ҳам омадани тарафҳо муайян шуда буд, комиссия зарур медонад, ҳам комиссия ва ҳам комитетҳои Маҷлиси Намояндагон, ҳам ҳукумати кишвар, ки ба ҳамин модда ва ҳамин меъёр даст расонида нашавад. Ва ин яке аз падидаҳои беҳтарин аст, ки парлумон думаҷлиса бошад. Дар бораи як маҷлиса кардани парламент гап намеравад."

Ҷаноби Достиев ҳамчунин гуфт, Комиссияи ҳамоҳангсоз то ду рузи дигар кори худро ба анҷом мерасонад ва аз натоиҷи он ба ҷомеа иттилоъ хоҳад дод. Тибқи муқаррароти Сарқонуни кишвар, матни банду моддаҳои тағйирхӯрда се моҳ қабл аз рӯзи баргузории раъйпурсӣ мавриди муҳокимаи мардум қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG