Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз Чин кумак гирифт



Саид Сабоҳ



Як корманди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рузи 12 март гуфт, ки Чин ба арзиши 700 ҳазор доллар таҷҳизот, автомошинаҳо ва васоили хунсо намудани бомбҳоро ба милисаи Тоҷикистон ҳадя кард.

Ин кумакҳо дар чорчуби мувофиқате, ки байни вазорати амнияти Чин ва вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ соли гузашта имзо шуд, расонида мешавад.

Ба иттилои хабаргузории Азия Плюс, тибқи созишномаи дигар, ҳукумати Чин тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон ба маблағи 15 миллион юан кумаки хайрия расонад.

Аввалин қаторҳои маводи ғизоӣ аз Чин ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар маҷмуъ аз ҷумҳурии Чин ба Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор тонн маводи ғизоӣ хоҳад расид.



XS
SM
MD
LG