Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни матбуоти тоҷик чӣ гуна таҷлил шуд?



Раҳматкарими Давлат

Дар баробари таҷлили ҷашн хабарнигорон бо мақомоти расмӣ дар мавриди ноқисиҳои Қонуни матбуот ба баҳс пардохтанд.



Ҷашни матбуоти тоҷик рузи 11 март дар шаҳри Душанбе бо баҳси Қонуни матбуоти Тоҷикистон оғоз шуд. Иброҳим Усмонов - мушовири давлатии раисҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз қироати паёми Эмомалӣ Раҳмонов ба рузноманигорон зимни ифтитоҳи маҷлиси ҷашнӣ ба ифтихори рузи матбуот, ки бо ширкати аксари рузноманигрони тоҷик баргузор мешуд, гуфт, Қонуни матбуоти ҷорӣ дар кишвар комилан ҷавобгуи талабот аст ва ин гуруҳҳое хосе ҳастанд, ки дар мавриди навоқиси қонун ва зарурати қонуни наве сару садо баланд мекунанд.

У гуфт, онҳое, ки мегуянд ҳукумат ё парлумон қабули тарҳи нави қонунро ба таъхир андохтааст, дурӯғ мегуянд, ҳеҷ гуна тарҳи наве вуҷуд надорад ва пешниҳод нашудааст. Ва он афрод ё гуруҳҳое, ки чунин даъво пеш меоранд, ҳеҷ гуна ҳаққи пешниҳоди тарҳи қонунро надоранд.

Усмон Назиров - узви кумитаи матбуот ва фарҳанги парлумони Тоҷикистон низ ба ин ақида аст, ки қонуни ҷории матубот комил аст ва ниёзе ба таҳрир надорад ва ҳеҷ гуруҳе ё нафаре низ то кунун пешниҳоде дар ин замина ироа накардааст.

У мегуяд:"Таҷдиди назар мегуфтагӣ бояд фикрашро пешниҳод кунад. Коғази холиро ва сухани холиро ба қонун дохил карда намешавад. Қонун чизи муқаддас ва муътабар аст ва то ҳол пешниҳоде мушаххасе ба мо наомадааст, чиро пешниҳод мекунед, вақте ки қонун таҷдид шудааст ва ҳеҷ кас чизе пешниҳод накардааст. Он чизе, ки ин ҷо Иброҳим Усмонов гуфтанд, қонун мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон, мувофиқи тартиби қонунгузории муайанкардашуда пешниҳод карда шавад. Ягон хел қонун мувофиқи тартиботе, ки Конститутсия талаб мекунад, пешниҳод нашудааст. Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма имруз ба талаботи замон ҷавобгӯ аст."

Аммо дар ҳамин ҳол Қироншоҳ Шарифзода - раиси Асосиатсияи журналистони Тоҷикистон мегуяд, Қонуни матбуот ҷиддан таҳрирпазир аст ва пешниҳодот нисбати ислоҳи ин қонун ҳатто дар шакли тарҳи қонун низ аз ҷониби як гурӯҳи корӣ пешниҳод шудааст ва он маводе, ки дар матбуот дар ин маврид ба нашр мерасад, бояд чун пешниҳод пазируфта ва мавриди баррасӣ қарор гирад.

Қироншоҳ Шарифзода мегуяд:"Чандин бор ба парлумони Тоҷикистон ҳам пешниҳод кардем. Ман шахсан бо Усмон Назир борҳо дар ин маврид суҳбат доштам, мо аз ҳамдигар хеле гиламанд ҳам ҳастем. Шарт нест, ки ҳар журналист ва ҳар шаҳрванд пешниҳоди худро ба таври хаттӣ ба парлумон пешниҳод кунад. Он чӣ ки дар васоити ахбор гуфта шуд ва ба интишор расид, ин пешниҳоди мардум аст, пешниҳоди соҳибкасбони ин соҳа ҳастанд. Бинобар ин ба муҳтарам Усмон Назир ва дигар вакилони мардумӣ ҳам хуб мешуд, ки интизор нашаванд, ки мову шумо пешниҳодоти худро хаттӣ ба парлумон ирсол дорем, балки он чизе, ки дар матбуот чоп шуд, дар радиову телевизион садо медиҳад, онро бояд онҳо худашон ба инобат бигиранд."

Вале бисёр аз кормандони васоити ахбори ғайридавлатӣ ба ин назаранд, ки Қонуни матбуоти амалкунанда аз бисёр ҷиҳат монеаи ошкорбаёнӣ хусусан интиқод аз амалкардҳои мақомот мешавад. Тибқи ин қонун ҳамагуна интиқод аз фаъолияти корхонаҳо ё афрод метавонанд, ба унвони паст задани эътибори шахс ё мақомдоре маънидод шавад.

Хуршеди Атовулло - муҳарири рузномаи "Тоҷикистон" мегуяд, дар қонуни мавҷуд ҳуқуқи зотӣ ё фитрии инсон бо эътибори шахс дар ҷомеа омезиш ёфтаанд. Дар қонун омадааст, нашри маводе, ки ба паст шудани эътибор ва обрӯи мансабдор боис мешавад, манъ мебошад. Аммо мегуянд мусоҳибони ман, тассавур намоед, ҳар нафаре ки дар матбуот мавриди танқид қарор гирифт, метавонад эътибори худро на ин ки паст кунад, балки ҳатто аз даст диҳад. Он гоҳ матбуот метавонад, муттаҳам шавад, ки у эътибори касеро гирифтааст. Яъне ба таври ғайримустақим танқид дар матбуоти Тоҷикистон мамнӯъ мебошад.

Хуршеди Атоввуло мегуяд:"Дар моддаи 6-уми Қонуни матбуот омадааст, ки паст задани шаъну эътибори шахсият қонунан манъ карда мешавад, вале қонунан шарҳ дода намешавад, ки шаъну эътибори шахсият гуфта чиро дар назар доранд."

Ба гуфтаи хабарнигори мустақил, қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон имкони дастрасӣ ба ахбор ва сарчашмаҳои хабариро мушкил месозанд. Қонуни асрори давлатӣ, ки ахиран қабул шуд, ба мушкилоти матбуот дар ин маврид афзудааст.

Қироншоҳ Шарифзода мегуяд:"Қонун дар бораи сиррӣ давлатӣ, ки дар он садҳо монеаҳое гузошта шудаанд, ки ҳатто он дастандаркор аз рӯи ҳамон қонун барои хабарнигор як маълумоте, ки аслан ҷои сирри давлатӣ надорад, пешниҳод карда наметавонад."

Ба ҳамин тартиб, дар мавриди ислоҳоте, ки ахиран ба Қонуни матбуот ворид шудааст, аз ҷумла дар мавриди мамнӯъ будани тарғиби терроризм низ назарҳо мухталифанд. Ба назари хабарнигорон бояд истилоҳи "терроризм" низ шарҳ дода шавад, ки чӣ амале террористӣ аст ва чӣ касе ё гуруҳе террорист мебошад.

Ақидаи ислоҳоти Қонуни матбуот умдатан аз ҷониби рузноманигорони расонаҳои ғайридавлатӣ баён мешавад, аммо дар ҷашни матбуот ходимони ҳамаи расонаҳо ширкат ва якдигарро табрик мекарданд.

Наваду як соли пеш дар чунин рӯзе, нахустин рузномаи "Бухорои шариф" ба нашр расид. Аммо акнун барои рузноманигорони тоҷик чӣ мустақил ва чӣ вобастаи давлат муҳим нест, ки Бухорои шариф рузномаи ҳукуматӣ буд, ё мустақил, аз куҳнапарастон буд, ё аз ҷадидон, ба он ифтихор ҳар соле дар 11 март ҷашни матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG