Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ислоҳи Сарқонуни кишвар мухолиф аст



Мирзонабии Холиқзод

Маҳмадрузӣ Искандаров - раиси ҳизби мазкур, ислоҳи Сарқонунро дар вазъияти феълӣ бемаврид ва новақт мешуморад.

Маҳмадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодй гуфт, бозбинӣ ё ислоҳоти феълии Қонуни Асосии кишвар аз тарафи порлумон ва ҳукумати кишвар новақт ва бемаврид аст. Дар замони Кумиссиони Оштии Миллӣ соли 1999 Ҳизби Демократи Тоҷикистон шомили оппозитсиюни мусаллаҳи пешини тоҷик буд. Аъзои Ҳизби Демократ дар музокираҳои дутарафаи Кумиссиюни Оштии Миллӣ дар тасҳеҳҳои нахустин ба моддаҳои Қонуни Асосӣ ширкат доштанд.

Оғои Искандаров мегӯяд:"Комиссияи Оштии Миллӣ аз ду тараф буд, ин чизро қабул карданд, ин ба хотири сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистон буд ва он қадар вақти бисёри таърихӣ ҳам нагузаштааст, ки фикр мекунам, ҳамаи ин чиз аз нав дида баромада ва ревизия карда шавад. Вақт даркор ва фикр мекунам, худи вақт довар аст, ки кай ба Сарқонун тағйирот ворид кардан даркор аммо на имруз."

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар мавриди пешниҳоди ахир ба банди 4-уми моддаи 65 Қонуни Асосӣ яъне дар мавриди маҳдудияти ду давраи пайҳами 7-сола мегӯяд ҳоло маҳдудияти якдавраи 7 солаи ҷорӣ нодуруст аст .

Маҳмадрузӣ Искандаров изҳори назар мекунад, ки мӯҳлати пешниҳодшуда бо назардошти кишварҳои демократии ҷаҳон ихтисор ва кутоҳ карда шавад:"Худи таъйин кардани 7-сола дар ҳамон давра фикр мекунам, нодуруст буд. Ман намедонам, инро ба кадом хотир қабул карданд. Шояд оянда лозим шавад, ки на 6 солу на 7 солу на 5 сол, шояд ки мисли тамоми давлатҳои пешрафтаи дунё, ки аксарашон 4 сол ва мӯҳлати ду маротиба аст, шояд ба ин гузашта шавад."

Аз шарҳи оқои Искандаров раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон рушан мегардад, кушишҳо барои тағйир ворид намудан ба моддаи 65 ҳадафи мармузе дорад.

Аммо ба суоли "Оё ҳадафи аслии пешниҳод ба ин модда тамдиди давраи раёсати президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад?", Маҳмадрузӣ Искандаров аз посух худдорй намуд.

Аммо дар суҳбат, коршиносон президентҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказиро намуна меоранд, ки давраи раёсати худро тамдид ва ҳатто ба муҳлати бемаҳдуд дароз кардаанд. Коршиноси мустақили тоҷик Латиф Ҳадязода дар робита ба банди 65-и Қонуни Асосй мегуяд:"Ман гумон мекунам, ҳадаф аз ин пешниҳодҳо он аст, ки мусоидат карда шавад, то як нафар тавониста бошад, ки пасиҳам чанд маротиба ба муҳлати 7-сола ба ҳайси президенти Тоҷикистон пазируфта шавад. Онҳое, ки мехоҳанд тағйироту иловаҳоро ворид кунанд, сари ин масъала бояд андеша кунанд дар бораи обруи Тоҷикистон, хеле амиқ андеша карда бошанд, зеро мо медонем, ки дар ҷумҳурии Туркманистон як нафарро барои тамоми умр ҳамчун президент пазируфтаанд."

Коршиносон ва намояндагони аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар суҳбатҳои озоди бидуни микрофон ишора мекунанд, ки ҳадафи аслии тағироти бунёдӣ ворид намудан ба қонуни асосии кишвар, иваз кардани банди 4-уми моддаи 65-и он мебошад.

XS
SM
MD
LG