Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд қочоқбарони симоб боздошт шуданд



Тоҳири Сафар



Маъмурони интизомии вилояти Суғди Тоҷикистон хабар доданд, ки ду сокини ин вилоятро ҳангоми қочоқи 4 кило фулузи қимматбаҳои симоб боздошт карданд.

Ба иттилоъи хабаргузории Вароруд, нисбати қочоқгарон Абдувоҳид Наимов ва Наим Исҳоқов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Симоб аз фулузоти қимматбаҳо ва заҳрнок буда, қиммати 1 килои он дар бозори ҷаҳонӣ то 1000 долларро ташкил медиҳад. Ин металл умдатан дар саноати тиббӣ ва низомӣ истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон яке аз бузургтарин конҳои симоб ва сурма мавҷуд аст, ки захираҳои он 6,7 миллион тонна ҳисоб шудааст. Корхонаи Анзоб дар шимоли кишвар ба истихроҷи маъдани сиомбу сурма машғул аст.

Бинобар омори мавҷуд ҳамасола дар ҷаҳон то 10 ҳазор тонна симоб тавлид мешавад.

XS
SM
MD
LG