Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти фаъолияти хабарнигорӣ дар Хатлон



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқи хабарнигорон барои дарёфти иттиллоотро ҳамчунон поймол мекунанд.



Ахиран дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа таҳти сарпарастии Оҷонсии Рушди Демократияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва бо ташаббуси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) як семинари ҳуқуқӣ дар мавзуъи "Меъёри ҳуқуқи байнулилалӣ ва нақши васоити ахбори умум дар роҳи эҷоди ҷомеъаи демократӣ" барои хабарнигорони маҳаллӣ баргузор гардид.

Ҳаёт Давлатов, раиси ИЖТ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои нахустин бор аст, ки дар вилояти Хатлон мавзуъи ҳуқуқи журналистон матраҳ шудааст. Ҷаноби Давлатов афзуд, тафаккури журналисти тоҷик, хусусан дар манотиқи дур, бетағйир мондааст, яъне идеологияи шуравӣ, ё худ коммунистӣ хабарнигоронро тарк накардааст. Аз ин ру, журналист нақши худро ҳамчун як фарди пешбарандаи ҷомеъа дар асри 21 аз даст додааст. Вай ҳамчунин гуфт:

"Имруз бояд дар вилоятҳо, махсусан дар вилояти Хатлон, бо журналистон кори хеле ҷиддӣ бурда шавад. Барои чӣ? Барои он ки боз ҳам ҳамон дард, боз ҳам ҳамон мушкилот. Мо аз ҳамон қолабҳо, аз андешаҳои қолабии давраи шуравӣ берун наомадаем."

Раиси ИЖТ бар ин ақида аст, ки баргузории ин гуна конфаронсҳо барои хабарнигорони маҳаллӣ муфид хоҳад буд, зеро дар ҳоле ки дар манотиқи дур ҳукуматҳо журналистони собиқадорро, ки воқеан аз манофеъи ҳокимин пуштибонанд, дастгирӣ мекунанд, аз зуҳури журналистикаи мустақил ва созанда ҷилавгир мешаванд.

"Байни журналистон ва ҳокимони маҳаллии вилоятҳову дигару дигар ҳамкорӣ нест. Онҳо ба истилоҳ пушт гардонадаанд ба мову мо пушт гардондаем ба онҳо. Ҳарчанд ки ҳамаи мо як ҳадаф дорем - эъмори ҷомеаи нав ва демократӣ дар Тоҷикистон."

Хабарнигорони маҳаллӣ мегуянд, ки журналистикаи мустақил ва созанда алъон ба минтақа роҳ наёфтааст. Хоҷа Назриев, сармуҳаррири телевизиони "Мавҷи Озод" мегуяд, дар роҳи ба даст овардани хабар ҳар журналистро монеаҳои бузург пешоруй қарор мегиранд ва дар ин шароит перомуни кадом ҳуқуқи журналист метавон ҳарф зад? Вай афзуд:

"Мутассифона, агар ман ҳамчун журналист хоҳам, ки дар ҳалли ягон масъала ё проблема аз идораҳои дахлдор ягон чиз пурсиданӣ шавам оид ба ҳамон масъала, ман ба ин мақсадам бо душвориҳои зиёд ноил мешавам. Бисёре аз роҳбарон метарсанд, ки он чиро, ки ҳақиқат ҳаст, баён кунанд."

Ҳаёт Давлатов мегуяд, ҳар мансабдор ва ё дафтарҳои матбуотӣ, ки хабарнигоронро дар ҳоли беиттилоотӣ қарор медиҳанд, қонуни матбуот ва Сарқонуни кишварро вайрон мекунад ва журналист метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад. Аммо қонуни матбуот бо костагиҳое, ки дорад, дар ин маврид пуштибони журналист буда наметавонад. Оқои Давлатов мегуяд:

"Бояд ба суд муроҷиат кунад журналист. Аммо суд мебинад, ки дар Кодекси ҷиноӣ нест ин чизҳо. Қонуни матбуоти мо фақат қонуни матбуот аст. Бояд дар паҳлуяш қонунҳои дигар ин қонунро дастгирӣ кунанд."

Ба иттилои Ҳаёт Давлатов, Оҷонсии Рушди Демократияи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Хатлон як конфаронси муштаракро бо ширкати ҳокимони ноҳияҳо ва журналистон созмон диҳад. Ин конфаронс, ки бо ташаббуси ИЖТ боргузор мегардад, шояд олами журналистикаи маҳаллиро ба олами ахбори воқеӣ ва марокизи матбуотии ҳукуматҳо пайванд диҳад.

XS
SM
MD
LG