Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси созмони адвокатҳо дар Суғду Хатлон



Соҷидаи Мирзо

Оғози кори онҳо як омили истиқлолияти низоми додгоҳии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо таъсиси ташкилоти адвокатҳо дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар роҳи таҳкими сохтори додгоҳии Тоҷикистон як иқдоми муҳимеро пиёда кардааст. Ва гуфта мешавад, ки ин ин иқдом роҳро барои бунёди Созмони Миллии вакилони омил ё ҳимоятгар дар Душанбе боз мекунад. Сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Марк Жилбер мегуяд, бунёди созмони миллии адвокатҳо дар ҷодаи мустақилияти додгоҳ як қадами ҷиддӣ аст, зеро, аз як су, ҷомеъаи Тоҷикистонро мустаҳкам месозад ва аз суи дигар, сармояҳои хориҷиро ба кишвар ворид менамояд. Марк Жилбер афзуд:

"Ҳар як сохтор ба мувозинат зарурат дорад. Қонуни Асосии Тоҷикистон бидуни ягон духурагӣ мустақилияти ҳатмии додгоҳро таъкид мекунад. Айни замон додситонӣ ё прокуратура нақши муҳим мебозад. Ва ҳоло таъсиси созмони мустақили адвокатҳо як навъ мувозинатро дар сохтори додгоҳӣ ба вуҷуд меорад."

Қонуни Асосии соли 1994-и Тоҷикистон истиқлолияти фаровони вакилони омилро кафолат медиҳад. Аммо таҳлилгарони маҳаллӣ мегуянд, нақши адвокат дар Тоҷикистони имруза аз нақши вакили омили замони шуравӣ тафовут надорад ва ҳамчунон ночизу нонамоён боқӣ мондааст.

Ба ақидаи Наим Бердиев, адвокати тоҷик, вакилони омил дар мурофиаҳои додгоҳ аз камтарин салоҳият бархурдоранд ва аксари мурофиаҳо ё судури ҳукми муттаҳамин бидуни ширкати адвокат ҷараён мегиранд.

Давлат Саркоров, вакили омили дигар аз Душанбе, ақидаи Бердиевро ҷонибдорӣ кард ва гуфт:

"Адвокатҳое, ки дар ҷумҳурии мо ҳастанд, танҳо номашон адвокат ҳасту на нақши адвокатӣ доранд ва на ягон муҳофизат. Ҳеҷ чизи дигараш ҳам нест, фақат номаш ҳаст. Фикри худро мо баён карда метавонему халос. Лекин натиҷааш нест."

Ислом Ваққосов, раҳбари як созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки вакилони омил худашон ба муҳофизати ҳуқуқӣ ниёз доранд. Вай афзуд:

"Барои ҳақорат кардан ва ё таъқиб кардани прокурор кори ҷиноятӣ боз мекунанд. Барои ҳақорат кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - милиса, суд ва ғайри низ кори ҷиноятӣ боз кардан мумкин ҳаст. Имруз адвокатро чӣ қадаре ки хоҳанд таъқиб кардан мумкин аст. Ин аз тарафи қонун ягон ҳимоят карда нашудааст."

Бо ин ҳол, истиқлолияти додгоҳии Тоҷикистон, набуди таъсири қавии ҳукумат ба ин сохторҳо зери суол меояд ва додгустарҳо бо маоши тақрибан 10 доллар дар баробари васвасаи ришвахорӣ эҳсоси заъф мекунанд. Азизмад Имомов, ноиби додситони кулли Тоҷикистон мегуяд, соли гузашта ҳадди ақал ду додгустари додгоҳи ноҳиявӣ бо ҷурми ришвахорӣ ва расонидани хисорот ба моликияти давлатӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд:

"Ин кори ҷиноятӣ нисбат ба раиси собиқи суди ноҳияи Нов, Абиев мебошад. бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон Абиев дар гирифтани пора, суиистеъмол аз мансаб, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати тулонӣ аз озодӣ маҳрум карда шуд. Инчунин прокуратураи вилояти Суғд кори ҷиноятиро нисбат ба раиси собиқи суди ноҳияи Ғончӣ ба итмом расонид. У низ дар гирифтани пора гунаҳкор дониста шуд."

Девид О Конор, масъули Созмони адвокатҳои Амрико дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки Созмони миллии адвокатҳо ангезаи мубориза бо фасодкорӣ дар сохтори додгоҳиро афзоиш хоҳад дод. У мегуяд:

"Агар ин созмон як ташкилоти қавӣ ва ҷиддӣ бошад, метавонад як ҷо бо дигар созмонҳо, амсоли ташкилоти додрасҳо, роҳи мубориза бо фасодкориро пайдо кунад."

Аммо аз суи дигар, бо назардошти вазъи Тоҷикистон, баъзе адвокатҳои маҳаллӣ шубҳа доранд, ки ин созмон тавонад дар муддати кутоҳ ба тағйири вазъ мувафақ шавад.

XS
SM
MD
LG