Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми муаррифии маҷмуъаи аксҳои Муҳиддини Олимпур



Фируз Баротов

Конуни ба номи Муҳиддини Олимпур мехоҳад дар пай сафаргуфтаҳои уро низ ба дасти чоп диҳад.

Марде бо дурбини аксбардорӣ дар домани кӯҳ нишаста, барои бардоштани як тасиври ҷадид омодагӣ мегирад. Ин акси Муҳиддини Олимпур аст, ки рӯи муқоваи китобе таҳти унвони "Муҳиддини Олимпур - бинишвари тоҷик" ба чоп расидааст. Дар ин китоб, ки бо кушиши бахши форсии радиои Би Би Си нашр шудааст, мунтахаби тасвирҳои дар умри кутоҳи худ аксбардоштаи Муҳиддини Олимпур ҷой дода шудаанд.

Рузи 4-уми март бахшида ба зодрӯзи Муҳиддини Олимпур намоиши аксҳои у ва китоби "Бинишвари тоҷик" баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар китоби ҷадид аксҳои Муҳиддини Олимпур аз байни 10 ҳазор негатив аккосиҳои беҳтарини у ҷамъ оварда шудаанд.

Ҳамза Камол, раиси Конуни Муҳиддини Олимпур, ки садри маҷлис буд, ба радиои Озодӣ гуфт:

"Муҳиддини Олимпур чун ҳунарманд ба доираи фарҳанги Тоҷикистон дар солҳои 80-ум ворид шуд ва уро умдатан бо ҳунари аккосиаш фарҳангиёни Тоҷикистон ва берун аз он хуб шинохтааанд. Ва ин албоми расмҳо низ мубаллиғи ин ҳарфҳост. Ва дар паҳлуи муаррифии албоми "Муҳиддини Олимпур - бинишвари тоҷик" мо тасмим гирифтем, ки чанд қитъа аксҳое аз бойгонии у низ дар маърази намоиш гузорем. Вақте шумо муттафиқ мешавед бо аксҳое, ки дар ин ҷо ҳастанд, бештар табиатро, табиати зиндаи Тоҷикистонро ба намоиш гузоштем. Диди махсусе дошт Муҳиддини Олимпур дар мавриди дидани зебоиҳои табиати кишвар. Албоми у низ як бозгуи ин табитаи зебои ин диёр аст."

Китоби "Бинишвари тоҷик" бо ду забони форсӣ ва инглисӣ ба нашр расидааст.

Гулназар, шоири шинохтаи тоҷик гуфт, Муҳиддини Олимпур яке аз он бузургони миллат аст, ки зебоиҳои ватани худро ба оламиён муаррифӣ мекард ва у худ зебоиофар буд. Аз ин хотир, ҳар лаҳзае, ки мо тасвири зебоеро мушоҳида мекунем, Олимпур ба ёдамон мерасад. Вай афзуд:

"Касе монанди Муҳиддин ошиқи баҳор ва ошиқи зебоӣ набуд. Вай аз даруни тармаҳо, аз зери курпаи ғафси барфҳо ва аз миёни яхҳо ҳамеша гули аввалини баҳорро пайдо мекард ва барои дустон, аз ҷумла барои ман ҳам, ба тақдим меовард. Ва ман, ки баъдан бе Муҳиддин аз расидани баҳор ҳамеша ғофил мондаам, як байте гуфтам ки: Аз чӣ баъди хазони Олимпур Роҳи худро баҳори ман гум кард?"

Майсара Калонова, раҳбари Ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз Муҳиддини Олимпур чунин ёд мекунад:

"Шодравон Муҳиддини Олимпурро солҳои зиёд мешинохтам. Як инсони зебо буд ва дили зебо дошт. Ҳам ҳунари зебо дошт ва ҳам рузноманигори хубе буд. Бинишвари хуб буд у. Мо ҳамкории зиёд доштем ва у ба воситаи ҷамъияти мо ду сафари хориҷа дошт ба Афғонистон ва Ҳиндустон. Ва дар ин сафарҳо бо аксҳои зебояш барои тамошобинони афғону ҳинду чӣ қадар таассуроти неке бахшида буд Олимпур. Тоҷикистонро хеле дуст медошт ва ҳар як гушаву канори он ва ҳар як сокини онро бо чӣ қадар маҳорат ва муҳаббат ва зебоӣ намоиш медод. Вай аз ҳеҷ як сафар низ бо дасти холӣ бар намеомад. Чӣ қадар аксҳои зебоеро аз Ҳиндустон ва аз Афғонистон овард."

Духтари Муҳиддини Олимпур Ёсуман мегуяд, ки аз падар ба мо ҳамин ҳунари аккосиаш ба мерос мондааст ва ҳамаи фарзандонаш ҳунари расмкашӣ ва аксбардориро омухтаанд.

Дар расми муаррифии китоби аксҳои Олимпури шодравон таъкид шуд, ки осори Муҳиддини Олимпур як бахши пурбаҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар бар мегирад. Конуни Муҳиддини Олимпур дар назар дорад, дар оянда тасвирҳои бардоштаи Олимпур ва сафаргуфтаҳои то ҳол руи чопро надидаи уро нашр намояд.

Муҳиддини Олимпур дар моҳи декабри соли 1995 дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба қатл расида буд. Дар охири соли гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷустуҷуи қотилони уро аз сар гирифтанд. Аммо додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, то кунун дастандаркорони террори Муҳиддини Олимпур фош нашудаанд.

XS
SM
MD
LG