Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироаи кумакҳои хайрия барои аҳолии деҳаи Камар



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Кучидани хок ҳамаи манзилҳои мавҷуда дар ин мавзеъро барои зиндагӣ корношоям кардааст.

Сармоҳои шадид ва барфи зиёд аҳолии деҳаи офатрасидаи Камари хоҷагии ба номи Алии Ҳамадонии ноҳияи Кулобро дар мактабу бемористонҳо дарёфт. Садҳо тан аз сокинони деҳа, ки бештари онҳо кудаконанд, дар як шароити баде дар синфхонаҳои сард ба сар мебаранд.

Ярче, ки рузи 26 феврали соли 2003 беш аз 22 хонаро дар ин минтақа ба зери хок бурд, зимнан ҳамаи 60 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Камарро корношоям кардааст. Масъулин мегуянд, дигар дар ин деҳа зиндагонӣ кардани мардум ғайримумкин аст ва ҳамаи бошандагони деҳа бояд ба мавзеъи дигар куч банданд.

Намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Миллӣ ва раиси хоҷагии Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдуҷаббор Зардиев мегуяд, раёсат аз ҳамаи тадобир кор мегирад, то мушкили сари деҳқонон омада ба зудӣ рафъ гардад. Ҳамзамон барои бунёди деҳаи нав мавзеъи бехавф ва дур аз домани куҳсори атроф ҷустуҷу мешавад.

Кормандони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамин нуктаро таъкид карданд, ки дар деҳа имкони зиндагӣ кардан боқӣ намондааст ва беш аз ин барфи охир метавонад барои ин мрадум мушкилоти дигар низ ба бор оварад.

Вазорати вазъи фавкулодда барои пешгирӣ аз селҳои навбатӣ, ки ба фуруравии куҳ бастагӣ доранд, оҷилан садҳои зиддиселӣ месозад. Маҳмуд Шомадов, масъули бахши молияи ҳукумати шаҳри Кулоб мегуяд, барои рафъи оқибатҳои ярч ҳукумат маблағ ҷудо кардааст.

Созмонҳои байналмилалли хайрия низ ба офатрасидагон дасти мадад дароз кардаанд. Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ва Барномаи Озуқаи СММ ба мардуми бесарпаноҳмонда кумаки аввалия мерасонанд.

Анна Винниченко, сарвари Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи СММ дар минтақаи Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфт, деҳаи мазкур, ки зери куҳ мондааст, пештар ҳам ба гуруҳи деҳоти аҳолиаш аз ҳад камбизоат шомил буд ва чанд руз қабл аз фалокат барои онҳо як маҷмуъаи кумакҳои хурокворӣ расонида будаанд. Аммо СММ омода аст, ки ба аҳолӣ боз кумак расонад.

Дар ҳамин ҳол, дар деҳаи Камар ситоди оҷили ҳукумати шаҳр ва вазорати ҳолатҳои изтирорӣ фаъолият мекунад. Масъулин мегуянд, дар баробари офати табиӣ, ки садҳо нафарро дар айни фақириву нодорӣ зери осмони соф бе сарпаноҳ гузоштааст, шахрвандонро танҳо намегузоранд.

XS
SM
MD
LG