Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи халосӣ куҷост?



Сафаргули Олимӣ

Ришвахории табибон иҷрои барномаи давлатии танзими оила дар Тоҷикистонро мушкил сохтааст.



Танҳо дар зарфи ду моҳи охир ва танҳо дар як таваллудхонаи пойтахти Тоҷикистон 20 ҳодисаи фавти модару кудак мушоҳида шудааст. Сабаби асосии марги модару кудак ҳамчунон камхунии занон, норасоии втанминҳои мухталииф дар вуҷуди атфол ва бенизому бидуни фосила таваллуд кардани занҳо дониста мешавад.

Мунаввара Додхоева, профессори илми тибб ва раиси Иттиҳодияи "Модарии бехавф" бо зикри ин нукта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд:

"Ин, албатта, дар муқоиса бо чор-панҷ соли пешин камтар аст, вале то замоне ки вазъи иқтисодии кишвар беҳбуд наёбад ва мардум аз чанголи фақру бенавоӣ берун наояд, мизони беморӣ ва фавти занону кудакон коҳиш нахоҳад ёфт."

Хонум Додхоева мегуяд: "Танзими оила ин кадом тарзи кам кардани шумораи аҳолӣ нест, балки мақсади асосии он солимии занҳои мо ва кудакони онҳост. Мақсади танзими оила риоя кардани фосилаи байни таваллуд ва дар ҳамин фосила барқарор кардани сиҳҳати занон мебошад."

Бино бар гуфти занони камбизоат, вақте онҳо ҷиҳати пешгирии ҳамли номатлуб ба бемористонҳои занона муроҷиъат мекунанд, пизишкон дар иваз аз онҳо маблағи бузурге талаб мекунад, ки берун аз доираи имконоти молии онҳост. Ва он ҳам дар ҳоле, ки шароити хидматрасонии тиббӣ дар сатҳи ниҳоят пасте қарор дорад.

Маълум аст, ки духтурон маоши хеле ночиз мегиранд ва аз ин ру хоҳ нохоҳ чашмашонро ба ҷайби корафтодагон медузанд, мегуяд бемор Меҳрӣ Сафарова ва меафзояд: "Ба қарибӣ ман ҳомила шудам ва ҳолатам хеле вазнин буд. Хунрав шудам ва маро ба бемористон бурданд. Барое ки маро ҷарроҳӣ кунанд, гуфтанд, ки то 200 доллар наорӣ, ҷарроҳӣ намекунем."

Сайрам Ғафурова мегуяд, мо шунидаем, ки васоити пешгирии ҳамл барои занони камбизоат ва серфарзанд ройгон аст, вале пизишкон аз ман хостори 30 сомонӣ шуданд. Ман то ин дам 4 кудак доштам, вале азбаски пули хостаи табибонро дода натавонистам, маҷбурам бори панҷум таваллуд кунам.

Сайрам Ғафурова мегуяд: "Хурондану пушондани 4 фарзанд душвор аст ва мехоҳам дигар таваллуд накунам. Вақте ба духтур рафтам, ба ман гуфтанд, ки 30 сомонӣ биор. Ман ҷое кор намекунам, шавҳарам бошад 40 сомонӣ маош мегирад. Агар ман 30 сомониро барои духтур диҳам, 10 сомонӣ боқӣ ба зиндаги ман мерасонад? Ҳукумат мегуяд, кам таваллуд кунед. Вақте аз ман чунин пул талаб мекунанд, пас ман чӣ кор кунам?"



XS
SM
MD
LG