Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сарбозони як баталиёни танкӣ дар ноҳияи Данғара



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Сарбозони ин қисми низомӣ мегӯянд, барои рафъи гуруснагӣ маҷбуранд аз сокинони маҳҳал маводи ғизоӣ биталабанд.

Дар ҳоле ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе 10-солагии таъсиси артиши миллиро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирифтанд, аксарҳои қаторӣ дар ҷузъу томҳои артиш, ки дар манотиқи дур аз мақар доранд, гуруснагӣ мекашиданд.

Сокинони шаҳраки Данғара дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки асокири қисми низомии воқеъ дар мавзеъ пайваста, шабу рӯз барои рафъи гуруснагӣ талбандагӣ мекунанд:"Ман Баротова Сарвиноз аз ноҳияи Данғара, ман ҳаминро гуфтаниам, ки вазъи аскарҳоро бубинанд, ки шабҳо меоянд ва мегӯянд, "модарам бошӣ чизе барои хурданӣ диҳед, ки гурусна ҳастем". Дар рӯзи 23 феврал низ барои онҳо чизе надоданд, на либоси хубтар на хурданӣ".

Ҳамин нуктаро худи сарбозон низ таъйид карданд, ки онҳо дар баталони тонкӣ хуроки серӣ намехуранд:"Мардум безор шудаанд, медонанд, ки ҳар бегоҳ дар назди дарашон сарбозон ҳозир мешаванд. Агар ба сарбоз муяссар шуд, аз қисми низомӣ худсарона мебарояд ва ба талбандагӣ мераванд. Рости гап, ҳама гушнаанд, ҳам сарбозони нав даъватшуда ва ҳам афсарон"

Аз ҷониби дигар, ба иттилои аскарони қаторӣ афсарон онҳоро мефурӯшанд. Баталиёни тонкӣ барои бархе ба бозори мардикорон табдил ёфтааст. Ҳар касе хоҳад бар ивази музди муайян аскарбачаҳоро ба муздурӣ мебарад. Сарбози тоҷик мегуяд:"Аҷибаш ин аст, ки афсарон ҳар сарбозро бо ду сомонӣ мефурӯшад, намегуяд, ки ин сарбоз побел меравад, куҷо меравад. Аслан бачаҳои Данғара моро ба муздурӣ мебаранд, хишт мекашем, побел мекунем, оғил мерубем, санг мечинем, ҳар кори хоҷагие бошад мекунем, дар иваз шикамамонро сер мекунанд, вале пулро афсарон мегиранд"

Дар ҳамин маврид, афсарони артиши миллӣ дар суҳбати бе микрофон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маоши онҳо ба зиндагӣ намерасад. Аз ин рӯ теъдоди афсароне, ки даст ба ҷиноят мезананд, кам нест. Афсарон мегӯянд, барои раҳоӣ аз бӯҳрон бояд теъдоди асокиру афсарон дар артиш кам гардад. Ин имкон медиҳад, ки ба афсарон музди хуб диҳанд ва хуроки аскарони қаторӣ серғизотар бошад. Дар ин сурат метавон пиромуни артиши воқеан қавӣ ва касбӣ ҳарф зад.

XS
SM
MD
LG