Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири Қонуни асосӣ ва тамдиди ваколати раисҷумҳури Тоҷикистон обруи кишварро мерезад



Салими Аюбзод

Ин андешаи сиёсатмадорон ва коршиносони байналмилалӣ нисбат ба пешниҳоди ҳизби ҳокими Тоҷикистон аст, ки хостори тағйири Қонуни асосии кишвар шуд.



Пешниҳоди аъзои Ҳизби Халқии-Демократии Тоҷикистон ва бархе аз вакилони Маҷлиси Миллии кишвар дар мавриди лағви маҳдудиятҳои даври раёсатҷумҳурӣ дар Қонуни асосӣ, бархе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, ба гуфтаи нозирони байналмилал метавонад, ба эътибори дар ҳоли тармими Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, зарбаи шадид ворид кунад.

Намояндаи Ҳизби Демократии Тоҷикистон Раҳматулло Валиев гуфт, агар банди 63-и Қонуни асосӣ тағйир дода шавад, пас бояд муқаддимаи Қонуни асосӣ низ иваз шавад, зеро дар он сурат наметавон Тоҷикистонро давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд номид:"Ман фикр мекунам, он чӣ Ҳизби Халқии-Демократӣ пешниҳод кардаст, чунин шавад демократия ҳам нест ва институтҳои демократӣ низ аз байн мераванд".

Банди 63 мегӯяд, шаҳрванди Тоҷикистон метавонад барои як даври ҳафтсола президенти кишвар интихоб шавад. Ҳоло пешниҳод шудааст, ки мӯҳлати президентӣ панҷ сол шуда, ба як шахс, барои президент интихоб шудан имконияти бемаҳдуд дода шавад.

Президент Раҳмонов 11 сол боз дар сари қудрат аст ва охирин бор дар соли 1999 президент интихоб шуд. Пеш аз интихобот Қонуни асосӣ тағйир ёфт ва мӯҳлати президентӣ аз панҷ ба ҳафт сол тамдид шуд. Тибқи Қонуни асосии феълӣ, баъди поёни даври ҳафтсола Эмомалӣ Раҳмонов дигар ҳуқуқ нахоҳад дошт, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад, аммо агар пешниҳоди нав қабул шавад, вай метавонад, бемаҳдудият дар сари қудрат боқӣ бимонад.

Раиси Федератсиюни ҳуқуқи инсони Ҳелсинки Арон Родес гуфт, ин хабар аз Тоҷикистон барои вай "сюрприз" ва ё тӯҳфаи ногаҳонии ҳаяҷоновар буд. Аммо Родес каме таваққуф кард ва гуфт, аслан "сюрприз" ҳам набуд, балки таассуф буд, ки чаро онҳо талабгори чунин ислоҳ шудаанд.

Вокуниши дугонаи коршиноси хориҷӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки тамдиди мӯҳлати раёсати президентҳои Осиёи Марказӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Сафармурод Ниёзов худро президенти якумрӣ эълон кард, Ислом Каримов бо як референдум дар Ӯзбакистон мӯҳлати раҳбарии худро аз панҷ ба ҳафт сол афзуда, то 2007 дар сари қудрат боқӣ мемонад.

Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ гуфт, боз даъвои курсӣ хоҳад кард.

Дар Қазоқистону Қирғизистон низ референдумҳое баргузор гашт, ки ё мӯҳлати курсинишинии сарварони феълиро дарозтар карданд ва ё ба онҳо ҳақ доданд, бори дигар, дар интихоботи президентӣ ширкат кунанд.

Аммо вақте ҳамсӯҳбати мо сараввал каме ҳайратзада шуд, сабаб ин буд, ки шояд аз Тоҷикистон чунин хабарро интизор надошт. Ахиран кишвар бо тозакориҳое тадриҷан эътибори нек пайдо мекунад ва ин хабар метавонад, ҳамаи дастовардҳои онро нобуд созад.

Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода тавре дар ин мавзӯъ сӯҳбат кард, ки гӯё ҳодисаи муҳиме дар арафаи рӯй додан нест:"Ин ҷо дар бораи тамдид сухан намеравад, ин ҷо як моддаи 63-уми Конститутсия, ки ҳар як шахс ба мӯҳлати 7 сол ва як маротиба ҳаққи номзад шуданро доранд, ҳамин банди 4-уми моддаи 63-ро пешниҳод шудааст, ки аз Конститусия бардошта шавад, яъне ҳамин маҳдудият бардошта шавад".

Наталия Аблова, мудири Бунгоҳи ҳуқуқи инсон дар Бишкек мегӯяд, барномае, ки дар Тоҷикистон омода шудааст, маънии масали "Ҳамсоя аз ҳамсоя меомӯзад"-ро дорад.

Пас тадриҷан фарқиятҳо дар Осиёи Марказӣ аз байн мераванд? Пас оё ин як қонунмандиест, ки мардуми ин минтақа ба демократия омода нест, демократия дар ин минтақа реша надорад?

Таҳлилгар ва рӯзноманигори эронии муқими Лондон Амир Тоҳирӣ мегӯяд:"Кишварҳои Осиёи марказӣ таҷрибаашон бо Русияи болшевикӣ буд, асосан дар ин ҳафтоду чанд соли ахир ва Иттиҳоди Шуравӣ як кишвари демократик набуд, як кишвари истибдодӣ буд. Бинобар ин ин суннати истибдодӣ идома дорад ва дар бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Қафқоз, коммунистҳои собиқ сари кор ҳастанд ва қудратро ба даст доранд. Аз ин гузашта, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз давлатҳои ҷадид-ут-таъсис ва заифе ҳастанд ва ҳамеша дар чунин шароите аз назари таърихӣ, такяи кор бар тақвияти давлат аст, то тақвияти ҷомеа дар муқобили давлат"

Аммо Арон Родес, раиси Федератсиюни ҳуқуқи инсони Ҳелсинки ба ин ақида мухолиф аст ва мегӯяд, вақте сарварон мехоҳанд, бо ҳар роҳ худро тақвият диҳанд, баръакс дар амал онҳо худ ва давлатро заиф мекунанд:" "Онҳо ҳама чиро худашон мехоҳанд назорат кунанд ва ё кӯшиш мекунанд, дар назорат дошта бошанд ва ин формулаи заъф аст, зеро чунин ҳукуматҳо бисёр шикананда мебошанд. Ҳеҷ каси дигар намехоҳад биандешад, масъулияте дошта бошад."

Ва Наталия Аблова мегӯяд, президенти бомасъулият ва раҳбаре, ки дар фикри кишвараш аст, тарзи дигар рафтор мекунад: "Президенти доно ва масъул ҳамеша барои зуҳури вориси худ шароит фароҳам меорад ва имконият медиҳад, ки вай дар байни мардум шӯҳрат ёбад. Ин чиз суботро эҷод мекунад."

Аз Арон Родес мепурсам, пас чаро сарони Осиёи Марказӣ ин қадар талош мекунанд, обрӯи худро ба замини сиёҳ мезананд, аз пешрафти кишвари худ ва кӯмакҳои ҷаҳонӣ ба он дармегузаранд, то боз ками дигар, боз як муддат дар сари қудрат боқӣ бимонанд. Вай аввал ба фарҳанги сиёсие ишора мекунад, ки дар он президент худро на роҳбари давлат, балки раҳбари ҷомеа ва миллат медонад, ҳол он ки тибқи чорчӯбаҳои байнулмилал ҳукумат танҳо бахше аз ҷомеа аст ва бояд хидмати ҷомеаро барои як давраи муайян ба ҷо орад.

Тарафи дигари орзуи шабҳои тӯлониро Арон Родес ба даромадҳои молиявӣ пайванд медиҳад:"Тамоюле дар ин минтақа ҳаст, ки президентҳо ба хешу наздикон ва дӯстони худ даромади молӣ меоранд. Ва баъзе аз ин президентҳо ба таври боварнакарданӣ бой шудаанд. Ҳатто сарватмандтарин афроди ҷаҳон шудаанд. Ва албатта, онҳо мехоҳанд боз сарватмандтар шаванд. Онҳо намехоҳанд қудратро аз даст диҳанд, зеро ин маънии аз даст додани пулро дорад."

Дар чунин пасманзар, пешниҳодҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон садо медиҳанд, барои садҳо ҳазор нафаре, ки субҳи нимторики Тоҷикистон аз пайи ризқ ба кӯча мебароянд ва намедонанд, оё шом бо пораи ноне ба кулбаи худ хоҳанд баргашт, барои садҳо ҳазор нафаре ки мушти полиси рус бар сар дар Русия ҳаммолӣ ва ё деворзанӣ мекунанд ва даҳҳо ҳазор узви ин ё он ҳизб, ки аз ҳаёти сиёсӣ дар кишвар ҳарф мезананд, маънии чандгонае пайдо мекунад.

Онҳо шояд паёми худро дар референдуме ки зимни ин пешниҳодҳои ҳизби ҳоким маълум кунанд?

Аммо таҳлилгар ва рӯзноманигори машҳури эронӣ Амири Тоҳирӣ, ки бисёре аз равандҳои сиёсии Эрони имрӯзаро солҳо аз қабл пешгӯӣ кардааст, ба раҳбарони Тоҷикистон паёме дорад, ба ин наҳв:"Мардуми тоҷик ҷузви хуну гӯшт ва пӯсти ман ҳастанд, ман бисёр мутаасиф будам, ки Тоҷикистон ба як ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, ки албатта ба вуҷуде ки ин ҷанг дохилӣ буд, авомилаш хориҷӣ буданд. Хушбахтона, алъон Тоҷикистон субот пайдо кардааст, аммо ҳушдори ман ба раҳбарони Тоҷикистон ин аст, ки аз ин субот истифода бикунанд барои демократик кардани ҷомеаи тоҷик, вагарна ин субот пойдор нахоҳад буд".



XS
SM
MD
LG