Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ ду нафарро ба марг маҳкум кард



Абдуқаюми Қаюмзод



Додгоҳи Олии Тоҷикистон 24-уми феврал ду нафар аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангиновро ба қатл маҳкум кард. Ин ду нафар Амрулло Расулов ва Абдураҳим Холов сокинони деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Ленин мебошанд.

Ба иттилои Додгоҳи Олӣ, ин афрод дар дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Раҳмон Сангинов мулаққаб ба "Гитлер" ва Мансур Муаккалов мулаққаб ба "Шайх"тули солҳои 1998-2001 дар шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он бо истифода аз силоҳҳои оташфишон даст ба қатлу ғорат ва гаравгонгирӣ заданд. Ин ду нафар, аз ҷумла, дар қатли 11 аъзои як хонавода шарик дониста мешаванд.

Тобистони соли 2001-ум маъмурони интизомӣ дар ҷараёни як амалиёти густарда гурӯҳи Раҳмон Сангиновро торумор карда ва ин ду нафарро дар баробари аъзои дигари ин гурӯҳ боздошт намуд.

Азиз Чоршанбиев, додраси додгоҳи олии Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни мурофиа гуноҳи ин ду афрод собит шуд ва додгоҳ барои онҳо ҳукми қатл муқарар намуд.



XS
SM
MD
LG