Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талбак Назаров бо Ҷек Стро мулоқот мекунад



Хиромон Бақозода



Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, зери сарпарастии Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи ин кишвар ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Британия рузи 24-уми феврал озими Лондон шуд.

Гуфта мешавад, Талбак Назаров дар ҷараёни ин сафар бо вазири умури хориҷаи Британия Ҷек Стро ва нойиби котиби давлатии ин кишвар Майкл О Брайен мулоқот мекунад. Игор Сатторов- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз масъалаҳои умдаи ин мулоқот тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар хоҳад буд.

Хабаргузории "Азия Плюс" иттилоъ дод, ки ҳангоми боздид аз Лондон намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи идораҳои гумрук ва амнияти Британия ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфтугӯ мекунанд.



XS
SM
MD
LG