Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Ҳинд машқҳои низомӣ доир мекунанд



Тоҳири Сафар



Як ҳайат аз неруҳои ҳавойӣ ва хушкигарди Ҳиндустон рӯзҳои наздик озими Душанбе мешавад, то бо фармондеҳони тоҷик барномаи баргузорсозии тамриноти муштараки густардаи низомиро баррасӣ намояд. Бинобар иттилои хабаргузории Итар Тасс, анҷоми машқҳои низомии муштарак як талоши дигари Ҳинд барои раҳандозии ҳамкориҳои густарда бо Тоҷикистон аст, ки дар Осиёи Марказӣ - як минтақаи ғанӣ аз захоири газу нафт ҷойгир аст.

Ҳангоми машқҳо ба гуфтаи намояндаи вазорати дифои Ҳинд, неруҳои махсуси ду кишвар тактика ва усулҳои гуногуни ҷангиро тамрин мекунанд. Барои ширкат дар ин машқҳо, ҳавопаймоҳои низомии Ан-32 неруҳои ҳавоии Ҳиндустон ба Тоҷикистон фиристода хоҳанд шуд. Ба қавли Итар Тасс дар вазорати дифои Ҳинд ин умедворӣ ҳаст, ки машқҳои мавриди назар барои рушди ҳамкориҳои низомии Ҳинд бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.



XS
SM
MD
LG