Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати мухобиротии ЗТЕ-и Чин ба тармими шабакаи телефонии Душанбе шурӯъ мекунад



Тоҳири Сафар

Ширкати мазкур қарордоди ҳамкориро бо ширкати "Тоҷиктелеком" имзо кард ва барои кори худ беш аз 5 миллион доллар хоҳад гирифт.

Ширкати мухобиротии чиноии ЗТЕ соли равон ба таҷдиди шабакаҳои телефонии фарсуда ва нотавони шаҳри Душанбе мепардозад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд, ки барои тармими системаи мухобиротии Тоҷикистон 15 миллион доллар қарзи дарозмуддати боимтиёз ҷудо кардааст, дар тендери байналмилалӣ аз миёни 18 ширкати довталаб ширкати чиноиро тармимгари хатҳои телефонии пойтахти Тоҷикистон интихоб намуд.

Иброҳим Усмонов муовини вазири алоқаи Тоҷикистон рузи душанбе, 3-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати ЗТЕ, ки 31 январ қарордоди ҳамкориро бо ширкати "Тоҷиктелеком"-и Тоҷикистон имзо кард, муввазаф шудааст, сар аз моҳи феврал хатҳо ва истгоҳҳои телефонии Душанберо, ки мерос ва технологияи куҳнаи шуравист, бо таҷҳизоти ҷадид комилан нав кунад.

"Инҳо ду проекти бузургро иҷро мекунанд, ки тамоми шабакаҳои телефонии Душанберо бо таҷҳизоти диҷиталӣ ё рақамӣ иваз мекунанд. Мувофиқи созишнома, онҳо бояд корҳоро дар соли равон ва агар резакориҳои дигар боқӣ монад, оғози соли оянда ба анҷом расонанд."

Тоҷикистон маблағи таҷҳизот ва ҳаққи кори ширкати чиноиро аз ҳисоби қарзи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд мепардозад, ки барои ба даст овардани он беш аз се сол он талош карда буд. Тибқи қарордоди имзошуда, ҷониби чиноӣ аз қарзи 15 миллиондолларӣ барои кори худ беш аз 5 миллион доллар мегирад.

Ширкати ЗТЕ, ки бузургтарин тавлидкунандаи таҷҳизоти мухобиротии Чин аст, ба гуфтаи Иброҳим Усмонов алтернативаи шабакаи феълии телефонии шаҳри Душанберо месозад. Шабакаи нав бинобар гуфтаи муовини вазири алоқа, ба стандартҳои ҳозиразамон мувофиқ аст ва мисли хатҳои куҳна вобаста ба неруи барқ нахоҳад буд.

Дар шаҳри Душанбе, ки неруи барқ дар ҳар гушаи он ҳар лаҳза қатъ мешавад, телефон низ аз фаъолият бозмемонанд. Шабакаи телефонии Душанбе, чун системаи обрасонии он ба ҷуз ин мушкил, ҳазорон навоқиси дигар дорад. Агар дар Душанбе борон борад, сифати мухобирот чун оби нушокии сокинони Душанбе тира мешавад. Яке дигар аз сифати телефонҳо ин аст, ки ҳангоми гуфтугу мусоҳибон маҷбуранд, садопардаҳои худро бо тамоми неру ба кор андозанд ва бо овози баланд суҳбат кунанд. Барои ин мусоҳибон, ворид шудани шахси сеюм ба суҳбати онҳо навигарӣ намебошад, зеро чунин ҳодиса барои шабакаи телефонии Душанбе маъмулӣ аст. Дар ин ҳол мусоҳибон гуфтугуро қатъ мекунанд, ва аз нав тамос мегиранд, то сирри хонаводагӣ ё асрори дигарашанро ба мусоҳиби ношинос ошкор накунанд.

Аммо пас аз тармими шабакаҳо муштариён наметавонанд, ончунон ки феълан мекунанд, тулонӣ суҳбат намоянд, зеро барои ҳар дақиқа пул пардохт хоҳанд кард.

Ширкати мухобиротии "Тоҷиктелеком", дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе беш 80 ҳазор муштарӣ дорад, ки назар ба даҳ соли гузашта 20 ҳазор камтар аст. Иброҳим Усмонов, муовини вазири алоқаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе бархе аз истгоҳҳои телефонӣ хароб шуд ва ҳудуди муштариёнро то 20 ҳазор нафар коҳиш дод. Аммо ҳамакнун ба гуфтаи муовини вазир шумораи муштариёни "Тоҷиктелеком" ба тадриҷ зиёд мешаванд.

Муовини вазир оғози тармими шабакаҳои телефонии шаҳри Душанберо нахустин қадам дар роҳи таҷдиди шабакаи мухобиротии Тоҷикистон хонд. Вай гуфт оғози марҳилаи дуввуми таҷдиди шабакаҳои мухобиротӣ, ки вилоятҳои кишварро низ фаро мегирад, баъди муайян шудани раҳандози барномаи дуввум оғоз мешавад: "Барои транши дуюми қарзи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба қарибӣ тендер эълон мешавад. Ин дигар проектҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла барномаҳои дуруст кардани хатҳои микроволновий, ки Душанберо ба Хуҷанд, Хатлон ва Ховалинг мепайванданд. Ҳамчунин тибқи лоиҳаи дуюм, иваз кардани шабакаҳои телефонии фарсудаи ноҳияҳо ва вилоятҳо дар назар дошта шудааст."

То кунун дар Тоҷикистон фақат ду истгоҳи телефонӣ таввасути мутахассисони куриёӣ тармим ва таҷдид шудаанд, вале фаъолияти онҳо бидуни дуруст шудани истгоҳҳои нав низ мушкил аст. Мақомоти Тоҷикистон итминон доранд, ки дар ду се соли наздик, системаи телекомуникатсияи кишвар ба куллӣ таҷдид мешавад ва онҳоро аз танқиди муштариёну соҳибкорон раҳо месозад.

XS
SM
MD
LG