Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви "Ҳизб-ут-таҳрир" ба 7 соли зиндон маҳкум шуд



Тоҳири Сафар



Додгоҳи вилояти Суғд як нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" ба 7 соли ҳабс маҳкум кард. Бинобар иттилои додгоҳи вилоят, ин фард аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ширкат дар гуруҳе, ки қасди сарнагун кардани ҳукумати қонуниро дорад, гунаҳкор дониста шуд.

Ба иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон аз чор соли пеш инҷониб дар кишвар беш аз 130 нафар аъзои Ҳизб-ут-таҳрир зиндонӣ шуданд. Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар тамоми кишварҳои Осиёи марказӣ мамнӯъ шудааст, зеро ҳадафи аслии он бунёди хилофати ягона дар ин минтақа мебошад.

Тибқи хабари дигар аз Тоҷикистон, 25 феврал марзбонони руси мустақар дар ин кишвар, аз як махфигоҳ дар минтақаи марзии Қалъаихумб 10 кило ҳероин кашфу мусодира карданд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти гуруҳи марзбонӣ, аз оғози сол то кунун сарҳадбонони рус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 120 кило ҳероин мусодира намудаанд.

XS
SM
MD
LG