Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Душанбе як сокини ин шаҳрро ба марг маҳкум кард



Абдуқаюми Қаюмзод



Додгоҳи шаҳри Душанбе, Раҳмат Азизов - як сокини ин шаҳрро, дар қатли корманди маҳҳалии созмони хайрияи олмонии Ора Интернешнл гунаҳкор донист ва ӯро ба марг маҳкум кард. Додгоҳ барои ду шарики фарди маҳкумшуда, Ҳабибулло Дилшодов ва Дониёр Аъзамов солҳои тулонии ҳабс муқарар намуд.

Муҳаббат Шамсиддинова - додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин се нафар сенздаҳуми октябри соли гузашта, ба дафтари созмони ОРА Интернешнл шабохун зада, посбони онро кушта ва беш аз 6 ҳазор долларро ба ғорат бурдаанд. Баъди ин созмони мазкур фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG