Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асадулло Ғуломов муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд



Тоҳири Сафар





Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи 24-уми январ бо судури як фармон Асаддулло Ғуломов, раиси собиқи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанберо муовини нахуствазири кишвар дар умури масоили сохтмону саноат ва арзаи хадамот таъйин кард.

Асадулло Ғуломов дар ин маснад Фаридун Муҳиддиновро иваз мекунад, ки дар моҳи декабри соли гузашта бо айби тайёрии ғайриқаноатбахши хадамоти давлатӣ ба фасли зимистон аз мақом барканор карда шуд.

Тибқи фармони дигари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Матлуб Халифаев раиси кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ таъйин шудааст.

Раисиҷумҳур Раҳмонов фақат дар зарфи як ҳафтаи охир чаҳор узви кобинаи ҳукуматашро иваз кард. Қаблан Саид Маҳмудов-- вазири мухобирот ва Нусратулло Файзуллоев вазири ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон таъйин шуданд.



XS
SM
MD
LG