Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои экологӣ хостори барчидани минаҳо аз марзи Тоҷикистону Узбакистон шуданд



Тоҳири Сафар

То кунун дар майдонҳои маргбори марзӣ 60 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар захмӣ шудааст.

Сивуяк созмони ғайридавлатии экологии Тоҷикистон ҳукумати ин кишварро танқид карданд, ки барои ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз марги онҳо дар майдонҳои минакоришудаи марзи Тоҷикистону Узбакистон талоши ҷиддӣ намекунад. Бинобар ин созмонҳои мазкур аз ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон тақозо кардаанд, ки барои барчидани минаҳо ва пешгирӣ аз қурбониҳои нав дар мавзеъҳои минакоришуда тадбирҳои ҷиддӣ руи даст бигиранд.

Дар номаи созмонҳои экологӣ, ки ба ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Узбакистон дар Душанбе расидааст, гуфта мешавад қурбониёни минаҳо, ки аксар сокинони осоишта ҳастанд ҳар моҳ меафзоянд, ва бешубҳа ин ба муносибати мардуми ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Юрий Скочилов - раҳбари маркази ҷамъиятии "Экосентр" дар шаҳри Душанбе мегуяд, идомаи чунин вазъ наметавонад ҳеҷ фардро бетавофут гузорад: "Дар ҳақиқат мавҷудияти минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд, ва майдонҳои минакоришудаи марзӣ моро хеле нигарон мекунад. Мушкилоти минагузориҳо хеле зиёданд, ҳарчанд корҳое дар ин самт сурат мегиранд, вале онҳо ба кундӣ пеш мераванд. Тақрибан ҳар ҳафта аз марги як нафар аз мина хабар мерасад. Мо чунин мешуморем, ки масъалаи мазкур бояд дар сатҳи байнидавлатӣ ва бо мадади созмонҳои байналмилалӣ ҳал шавад. Аз ин хотир мо аз ҳукуматҳо, ки кафили амнияти мардум ҳастанд, тақозо дорем, барои ҳалли ин мушкил ҳарчӣ сареътар амал кунанд."

Юрий Скулачев ҷаласаи охири Комиссияи байнидавлатии аломатгузории марзи Тоҷикистону Узбакистонро як иқдоме барои ҳалли ин масоил мешуморад, аммо гуфта мешавад, то кунун ин ду кишвар дар мавриди барчидани минаҳо ҳеҷ иқдоми амалӣ анҷом надодаанд.

То кунун дар майдонҳои маргбори марзи Тоҷикистону Узбакистон 60 нафар кушта, беш аз сад тани дигар маҷруҳ шудааст. Ҳукумати Ислом Каримов, ки аз хавфи убури тундравони Ҷунбиши Исломии Узбакистон марз ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик, бархе қитъаҳои қаламрави Тоҷикистонро минакорӣ кард, то имруз аз марги тундравони исломӣ хабар надодааст.

Аммо ба гуфтаи як ҳомии ҳуқуқи башари тоҷик, ки аз зикри номаш ибо кард, шояд ҳукумати Узбакистон баъди ҳар таркиш хиҷолат мекашад ва дар назди шаҳрвандони худу кишвари ҳамсоя шармсор мегардад. Ҳомии ҳуқуқи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, майдонҳои минакоришуда на фақат ба сари тоҷикон, балки барои узбактаборони маҳҳалаҳои марзии Тоҷикистон фоҷиа овардаанд. Узбакзабононе, ки барои меҳмонӣ ба назди ақрабои худ ба Узбакистон мерафтанд, қурбон шудаанд.

Майдонҳои минакоришуда барои оилаҳои ин маҳҳалаҳо ба истилоҳ водии маргро мемонад, зеро дар ин майдонҳо бародарону хоҳарон ҳамзамон ҷон бохтаанд, фарзанду падарон ва амсоли инҳо. Сокинони маҳҳали Офтобру хонаводаи Ҷураевҳо, ки ба минагузорон нафрат мехонад, охири соли равон ду фарзанди худро дар ин макон аз даст дод. Дилмуроди сенздаҳсола ва Диловари 15 сола, ки аслан аз тундравиву ифротгароӣ ва Ҷунбиши Исломии Узбакистон хабар надоштанд, дар минаҳои барои шикори аъзои ин созмон гузошташуда, ҳалок шуданд.

Намунаи дигаре аз фоҷиаҳо дар майдонҳои маргбори шимоли Тоҷикистон ин аст, ки як мардикори тоҷики исфарагӣ, аз Русия ба зодгоҳаш пиёда баргашт, вале дар марз як мина пешвозаш гирифт ва маҷруҳаш сохт. Ин ҷавон ҳамакнун аз ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон домангир аст, ҳарчанд кумаке надида, ё ҳарфи тассалие аз онҳо нашунидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегуяд дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 16 ҳазор мина ҷогузорӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта вазорати дифоъи Тоҷикистон 2 ҳазор километри мураббаъ ва 700 километр роҳро аз мина пок кард ва тибқи як барнома ин корро имсол низ идома медиҳад.



XS
SM
MD
LG