Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати гази Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ хостори 8 миллион доллар қарз шудааст



Мирзонабии Холиқзод

Аммо Бонки Ҷаҳонӣ бар ин андешааст, ки оё ниҳодҳои энержии Тоҷикистон имкони бозгардонидани қарзро доранд.

Дидору мулоқотҳои ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии масъули барномаҳои энержии бонки мазкур Рагувира Шарма бо намояндагони ширкатҳои газу барқи Тоҷикистон идома дорад. Аз ҷараёни ин мулоқоту машваратҳо ба назар мерасад, ки Бонки ҷаҳонӣ бештар бар ин андешааст, ки оё дар сурати додани қарз, ин ниҳодҳои Тоҷикистон тавони баргардонидани онро доранд. Ин яке аз масъалаҳои муҳимест, ки миёни идораҳои соҳаи барқу гази Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ матраҳ аст.

Дар нишасти охире, ки намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо масъулини Идораи гази Тоҷикистон доштанд, намояндагони ин идора тарҳи беш аз 8 миллиондоллариро ба Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд. Муовини раиси Идораи гази Тоҷикистон Гулрухсор Ҷонмуҳаммадова мегуяд:"Ин нукта маълум аст, ки ҷониби маблағгузор, аввал имконоти иқтисодии идораеро, ки сармоягузорӣ мекунад, меомузад. Агар Бонки Ҷаҳонӣ фақат барои таъмини аҳолӣ бо ҳисобкунаки газ, 8 миллион доллар қарз диҳад, мо имкон дорем дар зарфи якуним сол ин қарзро баргардонем. Зеро даромади солонаи Идораи газ аз аҳолӣ ва аз корхонаву идораҳои дигар 5 миллион долларро ташкил медиҳад."

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мегуянд, пешниҳодоти вазорати энержӣ, идораи газ ва ниҳодҳои дигар Тоҷикистон, ки ироа шудаанд, ҳамаҷониба омухта мешаванд ва сипас Бонки Ҷаҳонӣ назари худро дар мавриди додани қарз эълон медорад. Рагувира Шарма раҳбари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷумла мегуяд:" Ҳукумати Тоҷикистон барномаи фақрзудоиро таҳия кардааст, ки масъалаи энергетика бахши муҳими он мебошад. Бар асоси ин барнома ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад дар риштаи энержӣ ислоҳотро анҷом диҳад."

Феълан коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ машғули омузиши вазъи молии идораҳои энержӣ ва тавсиядиҳӣ ба онҳо мебошанд. Тибқи хабари вазорати энергетика, яке аз тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон аст. Аммо ниҳодҳои барқрасони кишвар мегуянд, аҳолӣ, корхонаҳою идораҳо, ки бо нархи феълӣ имкони саривақт пардохтани ҳаққи барқро надоранд, оё ҳозир мешаванд, бо қиммати гаронтар маблағи истифодаи неруи барқро пардозанд.

Назари коршиносони тоҷик ба ин масъала чӣ гуна аст? Иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин меандешад:" Талабе, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди боло бурдани нархи барқ дорад, талаби охир нест, зеро пас аз як сол ин талаб боз гузошта мешавад ва то замоне, ки қиммати неруи барқ бо тарифаҳои умумиҷаҳонӣ, хусусан тарифаҳои кишварҳои Осиё баробар нашавад. Аммо чаро Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ба кор андохтани корхонаҳои бозмонда ва беҳбуди вазъи зиндагии мардумро талаб намекунад?"

Сафари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон то 2 феврал идома мекунад, аммо то ҳол маълум нест, ки идораҳои энергетикии Тоҷикистон дар маҷмуъ аз Бонки Ҷаҳонӣ чи миқдор қарз талаб доранд. Эҳтимолан ин рақам дар рузҳои ахири сафари ҳайат маълум мешавад.

XS
SM
MD
LG