Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо афзоиш ёфтааст



Искандари Хоҷа Мирзода



Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо аъзои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ коҳиш ёфта, бо мамолики хориҷаи дур бо суръат афзоиш ёфтааст. Хабаргузории Итар Тасс бо такя бо маълумоти Кумитаи Омори Тоҷикистон навиштааст, ки соли 2002-ум доду гирифти Тоҷикистон бо кишварҳои мушатаракулманофеъ, назар ба соли 2002-ум наздик ба дувуним фоиз камтар шуд. Дар ҳамин давра мубодилаи моли Тоҷикистон бо олами боқимонда, яъне хориҷ аз Иттиҳоди Муштаракулманофеъ беш аз 22 дар сад афзоиш ёфт.

Ба қавли ходимони идораи омор, Тоҷикистон ба кишварҳои муштаракулманофеъ ба маблағи беш аз 187 миллион доллар мол содир намуда, ба маблағи 545 миллион доллар мол ворид кардааст. Дар доду гирифт бо кишварҳои хориҷаи дур, содироти Тоҷикистон тахминан 75 фоизро ташкил кардааст. Тоҷикистон ба ин кишварҳо асосан алюминий ва пахта дар ҳаҷми тақрибан 550 миллион доллар содир кардааст.

XS
SM
MD
LG