Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои омузиши ҷараёни ислоҳот дар Тоҷикистон, ба Душанбе омад



Абдуқаюми Қаюмзод

Ислоҳот дар сектори энержии Тоҷикистон, мавзуи нахустин мулоқоти ҳайат бо мақомоти ин кишвар шуд.

Як ҳайат аз намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, зери раҳбарии Рагувира Шарма масъули барномаҳои бахши энержии бонки мазкур дар Осиёи марказӣ барои мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Рагувира Шарма намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, дар аввалин мулоқоташ бо мақомоти ширкатҳои энержии нафт ва гази Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз сафари ҳайат ба ин кишвар анҷоми таҳқиқот оидба ислоҳоти хадамоти иҷтимоӣ, доир ба коркарди энержӣ дар корхонаҳои ба мисли "Тоҷикгаз", "Барқи тоҷик", "Нафтрасон" мебошад. Ин ҳайат ҳамчунин ба ҷараёни бунёди неругоҳи барқи обии "Помир" низ назорат хоҳад кард.

Ҷаноби Шарма гуфт, таври маълум ҳукумати Тоҷикистон барномаи миллии фақрзудоиро таҳия кардааст, ки бахши энержӣ дар он мақоми муҳимеро касб мекунад. Дар заминаи ин барнома, ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ислоҳоти муассисаҳои энержиро руи даст гирифтааст. Ба ҳамин асос гуфт у, намояндагии Бонки ҷаҳонӣ муваззаф шудааст, ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар назди созмонҳои байналмилалии қарздиҳанда ва ба вуҷуд овардан тафоҳум миёни тарафҳои зиддахл дар мавриди пайдо намудани роҳи ҳал дар ин замина кумак расонад.

Ҷаноби Шарма ҳамчунин афзуд:"Барномаи дуввуми муҳими намояндагии мо дар Тоҷикистон ба роҳ мондани лоиҳаи бунёди неругоҳи барқи обии "Помир" дар бахши энержӣ мебошад. Ба андешаи мо ин як намунаи рушди бахши энержӣ дар ин минтақа мебошад".

Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ширкати "Тоҷикгаз", ки дар мулоқот бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ҳузур дошт, гуфт, яке аз пешниҳодоти Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки нархи фуруши энержӣ ва соири хадамоти иҷтимоӣ боло бурда ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта шавад. Вай ҳамчунин афзуд:"Се масъалаи муҳим, ба тартиб даровардани тарифаҳо, яъне баробар кардани нархи газ ба қиммати аслии он, маъсалаи таъмини мардум бо ҳисобкунанкҳо ва тартиб даровардани пардохти ҳаққи истифодаи газ ва масъалаи дигар имтиёздорҳо, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд ҳастанд мавриди баррасӣ аст".

Аммо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ин пешниҳодот изҳори назар накардаанд. Сафари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ду ҳафтаи дигар, то 2-уми феврал идома мекунад.

Сафари ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамзамон бо боздиди намояндагони Бонки Исломии Рушд аз шаҳри Душанбе иттифоқ афтод. Тибқи иттилои Бонки Миллии Тоҷикистон, як ҳайати коршиносони Бонки исломӣ ба хотири омузиши вазъи шабакаи обрасонии Душанбе, вориди пойтахт шуд. Додихудо Раҳматшоев сухангуи Бонки Миллӣ дар ин робита чунин гуфт:" Пешбинӣ шудааст, ки дар рафти сафари худ ҳайати Бонки Исломии Рушд бо вазъи шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе шинос шуда, бо як қатор мақомоти давлатӣ мулоқот мекунад."

Дар ҳоли ҳозир мутахассисини як ширкати олмонӣ бар асоси барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар ин роҳ 17 миллион доллар тахсис додааст, дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе корҳои омузишӣ анҷом медиҳанд.



XS
SM
MD
LG