Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи Тоҷикистон дар Прага



Салими Аюбзод

Дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чех, дар маркази таърихии Прага намоишгоҳи "Тоҷикистон ва ҷойгоҳи он дар илму фарҳанги Ҷумҳурии Чех" боз шуд ва чиҳил рӯз идома хоҳад кард.

Дастархони гулдӯзии тоҷикӣ дар рӯйи миз ва парчами миллии Тоҷикистон бар фарози он, ҷомаву фута, атласи ҳафтранг, ҷӯробҳои нақшини бадахшӣ, корди иструшанӣ ва чойнику пиёлаи регарӣ онҳоеро, ки ба Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Чек дар маркази таърихии Прага барои китобе меоянд, шояд дар ҳайрат хоҳад гузошт. Зеро намоишҳо дар ин ҷо суннатан танҳо аз китоб иборат буданд. Аммо ин бор дастархони тоҷикон боз буд ва бо обуранги худ бинандагонро фаро мехонд.

Намоишгоҳи Тоҷикистонро дар Прага шоми чоршанбе раиси Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Чек Войтек Балек ифтитоҳ намуд. Вай як маълумоти кӯтоҳ аз таърихи гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон овард ва гуфт, ин намойиш, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои тоҷикшиноси машҳур, профессор Йиржи Бечка созмон ёфтааст. Ҷаноби Балек намоишро "дидори нав бо дӯсти дерина" номид ва аз он афсӯс хӯрд, ки нафрат ба идеологияи коммунистӣ, муддате чеҳраи дӯстонро ҳам аз ёди ҳамдигар рабуд. Вай изҳори таассуф кард, ки Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чек сафорат надорад, вале таъини ҷаноби Рустам Болтаевро ба сифати намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Прага, ки зимнан дар ташкили ин намоиш иштирок дошт, аломати хуб номида, умедвор шуд, ки робитаҳои фарҳангию тиҷоратии ду кишвар густариш хоҳанд ёфт. Раиси Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Чек аз маданият ва таърихи қадимии тоҷикон ситойиш намуд.

Зиёда аз сесад нафар фарҳангиёни чек, устодону донишомӯзони Донишгоҳи Карл, форсизабонони муқими Прага, ки ба маросими ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти унвони Тоҷикистон ва ҷойгоҳи он дар илму фарҳанги чек омаданд, аз дидани қисматҳои мухталифи он, ки ба вазъи имрӯзаи кишвар, иқтисодиёту тиҷорат, таърихи гузашта, забону адабиёти тоҷик, матбуот ва осори пажӯҳишии чопи Аврупо дар бораи Тоҷикистон мутаассир мешуданд ва профессор Йиржи Бечка сипосгузорӣ мекарданд. Устоди забони форсӣ дар Донишгоҳи Карл Мешкато Дини ва ховаршиноси шинохта, тарҷумони осори бисёре аз шоиру нависандагони форсизабон Вера Пансова ба намоишгоҳ баҳои баланд доданд.

Насли солманди ҷумҳурии Чек Тоҷикистонро ба хубӣ мешиносад ва бархе аз меҳмонони намоишгоҳ ба ёд меоварданд, ки солҳои шӯравӣ ба Душанбе, Норак, Самарқанд ва Бухоро сафар кардаанд. Аммо насли ҷавон дар бораи Тоҷикистон ё умуман маълумот надорад ва ё бисёр маълумоти маҳдуд. Аз он ҷо ки устод Мешкато Дини шогирдони худро низ ба намоишгоҳ оварда буд, ба вижа онҳоеро ки акнун ба омӯзиши забони форсӣ шурӯъ кардаанд, аз онҳо мепурсем, оё аз Тоҷикистон то ин дам чӣ огаҳие доштанд? Яке аз шогирдони Дини Петра гуфт: "Маълум аст, ки ин кишварест, дар он ҷо бо яке аз шеваҳои форсӣ сӯҳбат мекунанд ва таърихан низ як бахши аз Эрони бузурги бостонӣ будааст. Аммо форсии Эрон ва тоҷикӣ фарқ доранд." Ин Петра буд, донишомӯзи соли аввали форсӣ дар Донишгоҳи Карл ва дугонаи ӯ Мирослава ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад: "Ба фикри ман ин фарқ чандон бузург нест, монанди фарқ дар байни чехӣ ва словакӣ. Ба ҳар ҳол касе форсӣ сӯҳбат мекунад, тоҷикиро низ мефаҳмад, ки албатта, фоида аст."

Бахшҳои намоишгоҳ тавре сохта шудаанд, ки аз таърихи қадим сар шуда, то имрӯзи Тоҷикистонро фаро мегиранд. Ва албатта, китобҳо дар ин намоишгоҳ, чи аз хазинаи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чек ва чи аз бойгонии хусусии устод Йиржи Бечка тавре интихоб шуда буданд, ҳам кӯҳансолтарин осорро нишон диҳанд ва осори навтаринро. Аз ҷумла дар бахши осори илмӣ аввалини китоб "Намунаи адабиёти тоҷик"-и устод Айнист, ки дар соли 1925 чоп шудааст. Ва ё аввалин саёҳатномаи чекӣ ба Бадахшон тамғаи соли 1836-ро дорад. Аммо дар бахши матбуот, асосан рӯзномаҳои имрӯзаи кишвар дар маърази тамошоянд: Ҷумҳурият, Садои Мардум, Азия Плюс, Чархи Гардун, Тоҷикистон ва ғайра.

Дар намоишгоҳ меҳмононе низ буданд, баъди чанд лаҳзаи ифтитоҳи он мавриди саволҳои бешумори чекҳо қарор ёфтанд. Инҳо донишҷӯёни тоҷик буданд, ки як сӯ таъиноти баъзе ашёву колои тоҷикиро ба мардуми кунҷков мефаҳмонданд ва сӯйи дигар ба хабарнигорони нашрия ва радиоҳои чек посух мегуфтанд.

Мунира Сангиноваи душанбегӣ мегӯяд, вақте ба китобхона даромаду китобу чизҳои тоҷикиро дид дилаш гум зад. Мунира мегӯяд, ҳамчунин аз он дар ҳайрат монд, ки ин қадар осори зиёди тоҷикӣ ба забони чекӣ тарҷума шудааст. Донишҷӯйи дигар Маҳмадулло таассуроташро аз намоишгоҳ ин тавр баён мекунад: "Ин порчае, ҳиссае аз ватани мост, ки хеле пазмонаш шудем ва бароямон ҳама чизи он, чи хурд чи калон, чи китоб, чи хору хас азиз аст."

Ташкилкунандаи асосии намоишгоҳи Тоҷикистон дар Прага, профессор Йиржи Бечкаи 87-сола, масруфтарин шахс дар ин толор буд ва саранҷом хушҳол, аммо каме хаста ба назар мерасид ва гуфт, аз он ки мардуми зиёд ин ҷо омад, худро хушбахт меҳисобад.

Намоишгоҳи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чек то 20-уми феврал, яъне қариб чил рӯз идома хоҳад кард. Ҳар рӯз ба ин ҷо чандсад нафар ворид мешавад, ки бахше аз онҳо шояд ба парчами Тоҷикистон ва дастархони рангини он таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.

Дар ин байн дар рӯйи дастархони тоҷикӣ ноаён як чизи нав пайдо шудааст -- садбарги сурхи шукуфон. Нишони муҳаббат.

XS
SM
MD
LG