Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории СПИД ба Тоҷикистон кумак мекунад



Мирзои Салимпур





Созмони Милали Муттаҳид розӣ шуд, иҷрои як барномаи ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории СПИД дар кишварро ба маблағи 2 400 000 доллар кумак намояд.

Ин маблағ дар соли ҷорӣ аз тариқи Сандуқи ҷаҳонии мубориза алайҳи амрози силу табларза ва СПИД, ки дар як соли пеш бо ибтикори дабири кулли Созмони Милал Кофӣ Анон таъсис ёфтааст, иттихоз дода хоҳад шуд. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон як бемори СПИД ва 75 ҳомили вируси ВИЧ ба қайд гирифта шудааст.



XS
SM
MD
LG