Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари ҷониби Қирғизистон ба моҷарои марзӣ дар Исфара ва гуфтушуниди аломатгузории марз бо Тоҷикистон



Салими Аюбзод

Қирғизистон мегӯяд, баъди рӯйдодҳои 3-юми январ дар сарҳад гуфтушуниди нишонгузории марз бо Тоҷикистон натиҷа нахоҳад дод.

Қирғизистон дар ҳарос аст, ки моҷарои ахири марзӣ метавонад, гуфтушуниди аломатгузории марзро бо Тоҷикистон халалдор кунад, менависад Султон Ҷумъагулов, хабарнигори Пажӯҳишгоҳи ҷангу сулҳи Лондон аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон. Вай мегӯяд, маҳфилҳои сиёсии Қирғизситон бар инанд, ки тарафи Тоҷикистон ин моҷаро ба роҳ андохт, то дар гуфтушуниди моҳи март дар Душанбе бартарӣ дошта бошад.

Вакили парламенти Қирғизистон Тошпӯлод Болтабоев гуфтааст, моҷарои сеюми январ метавонад, сароғози рӯёрӯии тӯлонӣ ва хатарнок бошад. Ҷаноби Болтабоев мутмаъин аст, ки тоҷикон мехоҳанд, заминҳои баҳсноки ин минтақаро ишғол кунанд ва ҳатто қаламравҳои Қирғизистонро таҳти назорат дароранд. Хабарнигор менависад, аксари қирғизҳо бар инанд, ки аҳолии Тоҷикистон аз ҷануб ва маркази камҳосил ба шимол ҳаракат мекунад ва афзойиши аҳолӣ дар ин маҳал, сабаби ишғолгарӣ шудааст. Ҳамин ақидаро гӯё корманди Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо Филип Нубел низ тасдиқ карда, гуфтааст, қирғизҳо чунин эҳсос мекунанд, ки Тоҷикистон қаламрави онҳоро гирифтан мехоҳад, то ниёзҳои афзояндаи худро бароварда созад. Вай меафзояд, эҳтимолан ҳокимияти маҳаллии ин минтақаи Тоҷикистон кӯшиш мекунад, арозии баҳсталабро ба даст орад, зеро метарсад, ҳукумати марказӣ дар Душанбе, ин заминҳоро тиҷорат хоҳад кард. Нубел мегӯяд, ин ташвиш аз он сар задааст, ки Душанбе бе ҳеҷ мушкил қаламрави худро ба Чин бахшид.

Султон Ҷумъагулов, хабарнигори Пажӯҳишгоҳи ҷангу сулҳ менависад, заминҳои баҳснок дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон паҳн шудаанд ва серобу ҳосилхез мебошанд. Дар Ворух наздики 40 ҳазор тоҷик ба сар мебарад, ки мехоҳанд, бо бахши дигари Тоҷикистон робитаи озод дошта бошанд. Дар ҳамин ҷо, дар соли 1989 байни аҳолии тоҷик ва қирғиз задухӯрдҳои хунин ба амал омадаанд. Эҳтимолан боз ҳамин гуна хоҳад шуд, гуфтааст наққоши шинохтаи қирғиз аз ноҳияи Лайлак Абдусалом Абдураҳмонов ва афзудааст, одамон аз чунин худсариҳо хеле асабонӣ мебошанд. Аммо ҳеҷ яке аз ҳамсӯҳбатони хабарнигори қирғиз масъалаи роҳи мошингарди Бодканд -- Лайлакро ёдрас накардааст, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли беназорат монданаш ин роҳ ба гузаргоҳи озоди моли қочоқӣ табдил меёбад.

Ба сурати умум, дар Бишкек мақомоти Тоҷикистон дар ин бӯҳрон айбдор мешаванд ва интизориҳо аз гуфтушуниди моҳи март дар Душанбе аз нигоҳи қирғизҳо нохушбинонаанд.

XS
SM
MD
LG