Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон ду маротиба коҳиш ёфтааст



Мирзои Салимпур



Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар иҷлоси солонаи ин вазорат изҳор дошт, ки дар соли 2002-юм дар қаламрави Тоҷикистон адади ҷиноятҳои вазнин, аз қабили амалиёти террористӣ, гаравгонгирӣ, ширкат дар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои бо истифода аз силоҳ, назар ба як соли қаблӣ 95 дар сад кам шудааст.

Оқои Шарифов гуфт, дар соли гузашта дар кишвар аъмоли террористӣ, гаравгонгирӣ ва куштори мардум бо истифода аз аслиҳа, тақрибан мушоҳида нашудааст.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон ин падидаро натиҷаи оддӣ шудани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар ва самараи тақвияти фаъолияти мақомоти интизомӣ номид.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки донишгоҳҳои Русия ҳамчунон як манбаи умдаи такмили ихтисос барои ходимони вазорати дохилаи Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Феълан дасти кам 500 милисаи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таълим мегиранд.

XS
SM
MD
LG