Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Узбакистон се нафарро барои ғорати мусофирони тоҷик ба зиндон андохт



Саид Сабоҳ



Додгоҳи низомӣ дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон баррасии парвандаи ҷиноиеро алайҳи се марзбони ин кишвар, ки аз қудрат суистифода намуда, ҳуқуқи мусофирони тоҷикро помол кардаанд, хотима дод. Манобеъи боэътимод дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтанд, ки афроди маҳкумгардида, қарори маълум мусофирони тоҷикро, ки аз Зафаробод ба Истаравшан мерафтанд, дар посгоҳи транзитӣ ба мушкил ру ба ру ва пули онҳоро ғасб карда буданд. Қурбониён ба президенти Узбакистон Ислом Каримов муроҷиат ва аз у тақозо карданд, ки дар робита ба ин таҳқиқот пеш барад.

Баъди ин Додгоҳи низомии Узбакистон се марзбони масъули кишварро ба 4 то 6 соли ҳабс маҳкум намуда ва беш аз як миллиону 700 ҳазор суми узбакӣ ҷарима кард, ки ин пул ҳамчун тавон ба як шаҳрванди тоҷик дода мешавад.





XS
SM
MD
LG