Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемории сил кумак мекунад



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Олмон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бемории сил, ба Тоҷикистон якуним миллион евро кумак мекунад. Созишномаро дар ин маврид, рузи душанбе, 23 декабр, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров ва сафири Олмон дар Душанбе Волфганг Нойен имзо карданд. Дипломати олмонӣ дар ин маросим гуфт, кишвараш дар соли оянда низ, барои амалисозии барномаҳои мубориза бо бемории сил ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Тибқи иттилои расмӣ, теъдоди мубталоёни сил дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG