Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд



Саид Сабоҳ



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баён намуд, ки амнияти умумӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, аммо ин кишвар бинобар мавҷудияти гуруҳҳое, ки бо созмони терористии "Ал-қоида" робита доранд, барои сафар хатарнок мебошад. Дар ҳушдори нави Департаменти давлатӣ, ки рузи 20 декабр нашр шуд, гуфта мешавад:"Гарчӣ вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст, аммо дар солҳои ахир боз ҳам гаравгонгирӣ ва қатлҳо рух доданд ва таҳдид барои шаҳрвандони Амрико, аз байн нарафтааст. Дар эъломияи Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, хатари ҳаракатҳои терористӣ таввасути ҳомиёни Ҷунбиши Исломии Узбакистон, ки Амрико онро дар феҳрасти созмонҳои терористӣ ҷой дод, дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар ин эъломия номи баъзе кишварҳои дигаре, ки дар онҳо ҳам хатар барои шаҳрвандони Амрико мушоҳида мешавад, дарҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG