Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи ташхиси марзро аз нав дар миён мегузоранд



Насибҷон Амонӣ



Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ карданд, ки 23 декабр ҷаласаи Комиссияи муштараки ташхис ва аломатгузории марзро баргузор намоянд. Дар ин бора муовини нахуствазири Қирғизистон Базарбай Мамбетов, пас аз нишасти Комиссияи байниҳукуматии тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъ дод. Вай гуфт:" Дар ҷараёни нишаст мо қарор кардем, фаъолияти ин комиссияро, ки аз соли 2000-ум инҷониб мутавақиф шуда буд, дубора оғоз намоем." Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 630 километр тӯл дорад ва бинобар хабарҳои ғайрирасмӣ, дар тӯли он 10 минтақаи баҳснок, бо ҳудуди 1000 гектар, вуҷуд дорад. Тибқи хабари дигар Душанбе ва Бишкек саргарми таҳияи ду созишномаи дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ ҳастанд. Бинобар гуфтаи мақомоти қирғиз ин қарордодҳо, пас аз тасвиб, барои ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар заминаи қонунӣ мегузоранд.

XS
SM
MD
LG