Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат алайҳи занон - осебпазиратин бахши ҷомеаи Тоҷикистон



Хиромон Бақозода

Аммо занҳо вазъи сангини худро пинҳон медоранд ва ба ҷои онҳо созмонҳои нозири ҳуқуқи башар бонги изтироб мезананд.



"Ҳафтод дар сади занони тоҷик ҳамаруза ба хушунати хонаводагӣ мувоҷеҳ мешаванд" - ин аст яке аз хулосаҳои аслии таҳқиқоти созмони ғайриҳукуматии "Осиёи кушод", ки масъалаи зуроварӣ алайҳи занро дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд сол пеш матраҳ намуд. Пажуҳишгоҳи "Ҷанг ва Сулҳ" бар ин аст, ки вазъият дар муқоиса бо 5-6 соли пеш кам тағйир кардааст. Соле қабл ҳукумат барномаи вижа оид ба баланд бурдани мавқеи зан дар ҷомеаро қабул карда, саҳм ва ё квотаҳои президентиро барои таҳсили духтарони куҳистон дар донишгоҳҳои пойтахт муқаррар намуд. Пажуҳишгоҳи "Ҷанг ва Сулҳ" бар ин аст, ки зиндагии суннативу расму оинҳои оиладории миллӣ ба душворӣ метавонанд, тағйир ёбанд. Фишори аъзои оила болойи зан чӣ аз назари иқтисодӣ ва чӣ дар муомилаи оддии хонадорӣ аз қарору барномаҳои ҳукуматӣ сахттаранд. Муҳиба Ёқубова, раҳбари Ассотсиатсияи олимаҳои Тоҷикистон, ки аввалин шуда дар кишвар барои қурбониёни зуровариву хушунати хонаводагӣ Маркази офиятрасониро таъсис додааст, мегуяд, масъала пеш аз ҳама дар фарҳанги ҳуқуқиву набуди таҳаммулпазирӣ дар тарбияи оиладорӣ аст. У мегуяд: "Аз соли 1996 то имруз хеле занҳо бо телефони боварӣ ба мо муроҷиат карданд. Як замоне бо проблемаҳои иқтисодӣ зиёд занг мезаданд. Ҳозир бештар бо проблемаҳои оилавӣ, корӣ ва бо ин масъала, ки аксаран занҳоро барои интиқоли маводи мухаддир зиёд истифода мекунанд. Кормандони маркази мо равоншинсон, ҳуқуқшиносон ва табибонанд. Онҳо ё тариқи телефон машварат медиҳанд ё дар ҳолати зарурӣ ба назди занҳо мераванд. Синну соли муштариёни мо ҳозир ҷавонтар шудааст. Дар аввал ба мо аксаран занҳои аз 40-50 гузашта муроҷиат мекарданд, ҳозир бошад, духтарони 16-25 сола хеле зиёд занг мезананд. Ғайр аз Душанбе, марказҳои мо дар ноҳияҳо - Кофарниҳон, Қурғонтеппа ва Турсунзода ҳам фаъолият мекунанд. Вазъи занони деҳа назар ба занони шаҳрии маълумотдор сахттар аст, зеро онҳо ҳуқуқҳои худро намешиносанд." Ва аммо вазъи зани тоҷик дар оила аз вазъи занони ҳамсоякишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ чандон фарқ намекунад. Пажуҳишгоҳи "Ҷанг ва Сулҳ" бар ин аст, ки зиндагии занони узбак ва туркман дар оила ба маротиб сахттар аст. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ахиран аз афзойиши теъдоди худкушиҳо дар Узбакистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҳукумати ин кишвар мегуяд, 99 дар сади занҳо бо далели зуроварии хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Марказҳои офиятрасонии Туркманистон, ки теъдодашон зиёд аст, мегуянд, занҳо дар баробари поймолшавии ҳуқуқашон, лату куб ва маҳдудиятҳои иқтисодӣ аз муроҷиат ба ниҳодҳои дахлдор худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, манфиати фаъолияти марказҳои офиятрасонӣ ба сифр баробар аст, зеро худи занҳо сахтии вазъашонро пинҳон медоранд. Ҳар зани дуюм дар Қирғизистон пайваста мавриди зуроварии оилавӣ ва ё иҷтимойӣ қарор мегирад, мегуяд пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ. Дар Қазоқистон бошад, дар тули шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 26 ҳазор ҳодисаи таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст. Ва аммо дар ин кишварҳо ҳам пеш аз ҳама на худи занҳо бонги изтироб мезананд, балки гуруҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ё созмонҳои байнулмилалӣ. Дар чунин шароит донандагони масъала мегуянд, маърифат ва ё фарҳанги эҳтироми зан дар хонаводарро аз боғчаву мактаби миёна шуруъ кардан зарур аст. Ҷомеа бояд худ барои эҳтирому арҷгузории зан омода бошад.

XS
SM
MD
LG