Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия сабаби сар задани бӯҳрони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мешавад



Раҳматкарими Давлат

Ба қавли иқтисодшиносон, муҳоҷирини корӣ, сарчашмаи аслии таъмини шароити зиндагии бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон мебошанд.



Ширкаткунандагони як нишаст дар шаҳри Душанбе таҳти унвони "Муҳоҷирини корӣ ва ҳуқуқи муҳоҷират" мегӯянд ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия метавонад бӯҳрони иҷтимоиеро барои Тоҷикистон ба бор биёрад. Саодат Олимова масъули маркази таҳлилии "Шарқ" ва гузоришгари аслӣ дар ин нишаст мегӯяд, ҳатто дар сурати ихроҷи нисфе аз ин муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия, имкон дорад, бӯҳрони иҷтимоие сар бизандад, ки метавонад, паёмадҳои ногувори сиёсӣ дошта бошад. Хонум Олимова мегӯяд: "Муҳоҷирине, ки аз Русия ихроҷ мешаванд, нерӯи аслии қобили меҳнати ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд ва дар дар сурати бекор мондан, талош хоҳанд кард, то ба кишварҳои дигар аз ҷумла ҷамоҳири муштарак-ул-манофеъ ва кишварҳои халиҷ рӯ биёранд, аммо ин кор имконнопазир аст. Ва мушкили муҳоҷиринеро, ки дар талоши пайдо намудани кор мебошанд, наметавонанд ҳал намоянд ва ба ҳар ҳол дар сурати идомаи ин сиёсат дар моҳҳои апрел ва май бояд интизор дошт, ки афроди зиёде, махсусан, дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ мешаванд ва табиист авзои иҷтимоии ҷомеа муташаниҷ хоҳад шуд. Ва ин ба назар ман ҳатто дар ниҳоят оқибатҳои сиёсӣ низ ба бор меорад ва имкони таҳҳавули сиёсиро низ дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам мекунад." Дар ҳамин ҳол Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисодшиноси тоҷик мудири Маркази таҳлилии иқтисодии пажуҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ҳалли мушкили муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бояд самти аслии сиёсати давлат қарор бигирад, зеро ин муҳоҷирон сарчашмаи аслии таъмини шароити зиндагии бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон мебошанд. Доктор Умаров мегӯяд, ин муҳоҷирин солона аз 900 миллион то 1 миллиарду 100 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Аммо Ҷамшед Қуддусов сардори раёсати муҳоҷирати вазорати кори Тоҷикистон, мегӯяд, музокироти идораҳои марбутаи Тоҷикистон бо мақомоти муҳоҷирати Русия дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик натиҷа надодааст. Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов сабаби аслии ин гуна бархурди мақомоти Русия бо муҳоҷирини тоҷик, мавҷуд набудани санадҳои қонунӣ дар мавриди ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин гуна санади қонунӣ, созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи муҳоҷирони корӣ мебошад, ки то кунун аз ҷониби Думаи давлатии Русия ба тасвиб нарасидааст. Аммо иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз он ҷо ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба гунаи дастаҷамъӣ ва намоишкорона аз Русия ихроҷ шудаанд, ин иқдомро як амали иғвогарона ва кори дасти гурӯҳҳои хос медонад. Ӯ мегӯяд, ин иқдоми мақомоти Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба панҷуним миллион нерӯи корӣ ниёз дорад. Вале сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков мегӯяд ин як иқдоми муқарарӣ ва ба хотири танзими муҳоҷират дар Русия мебошад. Дар ҳар сурат бархе дигар аз таҳлилгарон низ ба ин иқдоми мақомоти Русия тобиши сиёсӣ медиҳанд. Аз ҷумла таҳлилгари "Независимая газета" бо ишора ба ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия навишт дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Амрико, муносибати Маскав ва Душанбе дучори мушкил мешавад. Ҷойи гуфтан аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди нигаронӣ ва нороҳатии худро аз ихроҷи муҳоҷирини тоҷик таввасути сафири Русия дар Тоҷикистон ба мақомоти Маскав расонидааст. Бино ба хабари расонаҳо як теъдоди дигар аз муҳоҷирини тоҷик қарор аст, дар рӯзҳои наздик аз Русия ихроҷ шаванд. Ва агар ин иқдом бо вуҷуди эътирози президент Раҳмонов дубора такрор шавад, дар он сурат ба гуфтаи таҳлилгарон метавон ҳадс зад, ки то чӣ ҳадде, ин иқдом заминаи сиёсӣ дорад ва ба муносиботи ду кишвар таъсир хоҳад хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG