Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон амали ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русияро танқид кард



Нурмуҳаммади Холзода





Эмомалӣ Раҳмонов-раисҷумҳури Тоҷикистон ихроҷи муҳоҷирини кории тоҷик аз Руссияро мухолифи меъёрҳои равобити дустонаи миёни ду кишвар хонд. Вай дар шаҳри Душанбе дар мулоқот бо Максим Пешков-сафири Руссия дар Тоҷикистон изҳор кард, ки маъракаи ихроҷи муҳоҷирини тоҷик қасдан доман зада мешавад, то бо назардошти масоили пешомада миёни ин ду кишвар фазои ғайри солим ба вуҷуд ояд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, барои чунин кор дар Руссия аз ин далел истифода мешавад, ки муҳоҷирини тоҷик муқаррароти иқомат дар Руссияро риоят намекунанд. Дар мулоқот бо Максим Пешков ҷониби Тоҷикистон дар робита бо куштори беш аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон дар Руссия дар се соли ахир изҳори нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмонов изҳор кард, дар сурате, ки нақзи муқаррароти иқомат аз суи муҳоҷирини кории кишварҳои дигари Муштарак-ул-Манофеъ низ ба назар мерасад, танҳо муҳоҷирини тоҷик аз Русия ихроҷ мешаванд. 21-уми ноябри соли ҷорӣ 117 нафар муҳоҷири тоҷик аз Руссия ихроҷ ва тавассути ҳавопаймои борбари низомӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд. Дар ҳамин ҳол, рузномаи "Комерсант"-чопи Руссия навиштааст, ки 42 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз Карачаево - Черкеск ба вилояти Краснодар ихроҷ шудаанд.

XS
SM
MD
LG