Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиб Набиев дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Истаравшан баранда шудааст



Мирзои Салимпур





Тибқи натоиҷи пешакӣ, ки Кумиссиюни интихоботи Тоҷикистон еълом кард, дар интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси Намояндагон дар ҳавзаи Истаравшан намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва устоди Донишгоҳи кишоварзӣ Толиб Набиев бо касби 86 дар сади раъйи мардум баранда шудааст. Номзади ҳизби наҳзати ислом Абдувориси Абдуҷабборро танҳо ҳудуди 9 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд. Аммо намояндагони наҳзати ислом мегӯянд, мақомот дар ҷараёни интихобот ба тақаллуби овозҳо роҳ додаанд. Муҳибуллоҳ Додоҷонов, котиби масъули Кумисиюни миллии интихобот ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт, ки узвияти профессор Толиб Набиев дар Маҷлиси намояндагон танҳо баъди эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот таъйид хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG