Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои густардаи низомӣ дар пойгоҳи Лоҳур оғоз шуд



Мирзонабии Холиқзод





Рӯзи панҷшанбе ҷузву томҳои артиши 201-уми Русия дар машқгоҳи низомии Лоҳур, воқеъ дар 30-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ба тамринҳои низомие оғоз карданд, ки бо ширкати 5 000 сарбоз, 50 тонку тӯпхона ва 6 чархболу ҳавопаймоҳои ҷанганда сурат мегиранд. Ҷилавгирӣ аз убури марзҳои ҷанубии Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбари маводи мухаддир ҳадафи аслии тамринҳои кунунӣ шинохта мешавад. Тамринҳои низомӣ то рӯзи шанбе идома хоҳад ёфт ва қарор аст, Николай Патрушев, раиси хадамоти амнияти федеролии Русия ҷараёни тамринҳои артиши 201-умро мушоҳида кунад. Зимнан як мақоми артиши 201-ум хабари дар Тоҷикистон омӯзиш дидани 50 халабони афғонро таъйид кард ва гуфт, онҳо усули идораи чархболу ҳавопаймоҳоеро аз бар мекунанд, ки Русия мехоҳад тақдими артиши миллии Афғонистон намояд.

XS
SM
MD
LG