Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҳаққи рой дар Созмони Милали Муттаҳид маҳрум нашудааст



Салими Аюбзод

Инҳо Тоҷикистон, Молдова, Гурҷистон, Сомалӣ, Бурундӣ, Коморос, Гвинеа Бисау, Сан Томе ва Принсип мебошанд. Аммо дар ҳамин ҳол шаш кишвар аз ҳаққи рой маҳрум шуданд. Инҳо Ироқ, Ҷумҳурии Африқои марказӣ, Қирғизистон, Либерия, Нигер ва Вануати.

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳашт кишваре ки натавонистаанд, ҳаққи узвияти худро дар ин ниҳоди байнулмилал бипардозанд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, шартан иҷоза дод, дар ройдиҳиҳои Созмони Милал ширкат варзанд. Тибқи низомномаи СММ ин кишварҳо мебойист аз ҳаққи овоз маҳрум мешуданд. Аммо Маҷмаъи умумӣ бо назардошти ин ки кишварҳои мазкур на бо хости худ ҳаққулузвиятро пардохта натавонистаанд, онҳоро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум накард. Инҳо Тоҷикистон, Молдова, Гурҷистон, Сомалӣ, Бурундӣ, Коморос, Гвинеа Бисау, Сан Томе ва Принсип мебошанд. Аммо дар ҳамин ҳол шаш кишвар аз ҳаққи рой маҳрум шуданд. Инҳо Ироқ, Ҷумҳурии Африқои марказӣ, Қирғизистон, Либерия, Нигер ва Вануати.

XS
SM
MD
LG