Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҷагиҳои пахтакор аз пардохтани андоз аз арзиши изофаи ҳосили имсолаи пахта озод шуданд



Мирзои Салимпур

Ин иқдом ҷузъе аз як барномаи вижаи ҳукумат дониста мешавад, ки то соли 2005-ум ба ҳудуди 700 000 тонна расонидани ҳосили солонаи пахтаро дар назар дорад.

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон хоҷагиҳои пахтакори кишварро аз пардохтани андоз аз арзиши изофаи ҳосили имсолаи пахта озод кард. Зафар Саидов, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон,гуфт, пуштибонии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи пахтакорӣ ҳадафи аслии ин иқдоми ҳукумати кишвар будааст.

Аммо ба ақидаи мутахассисон, аз байн рафтани андоз аз арзиши изофаи ҳосили пахта метавонад қисми дахли будиҷаи кишварро ба маблағи бештар аз 20 милён доллар коҳиш диҳад. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҷамъи даромади будиҷаи ҷумҳурӣ барои соли ҷорӣ дар ҳудуди ҳамагӣ 140 милён доллар дар назар дошта шудааст. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, татбиқи фармони мазкур, ки аз рӯзи интишораш ҳукми еътибор касб мекунад, иҷрои Қонуни Будиҷаи Тоҷикистон барои соли ҷориро ҳамроҳ бо мушкил карда, коҳиш ёфтани қисми дахли будиҷа вуруди ислоҳот ба матни кунунии ин қонунро дар пай хоҳад дошт. Аммо масъулини бахши молияи ҳукумати кишвар дар ин маврид , ки оё талафоти ногузири қисми дахли будиҷаро аз кадом роҳ ҷуброн хоҳанд кард, аз ибрози шарҳу езоҳе худдорӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ғолибан поин рафтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ як сабаби дигари даст ба чунин иқдом задани ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Зеро ширкатҳои фючерсӣ, ки бахши аъзами ҳосили пахтаро аз хоҷагиҳои кишоварзӣ харидорӣ мекунанд, дар соли гузашта натавонистаанд он фоидаеро, ки матраҳ карда буданд, ба даст оваранд.

Аммо Раҳимбек Носиров, мутахасиси риштаи кишоварзӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, хоҷагиҳои кишоварзӣ маҷбур буданд дар солҳои гузашта 20 дар сади пулеро ки аз фурӯши пахта ба даст меоварданд, сарфи пардохти андоз аз арзиши изофа намоянд. Ба назари оқои Носиров, фармони раёсатҷумҳурӣ барои хоҷагиҳои пахтакор хеле сабукӣ хоҳад дод.

Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон умдатан аз тариқи созишномаҳои фючерсӣ фаъолият бурда,сахт вобастаи ширкатҳои фурӯшандаи нахи пахта ҳастанд, ки аксаран дар баҳои ҳосили пахта пул намедиҳанд, балки хоҷагиҳои кишоварзиро бо анвоъи доруҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва соъири маҳсулоти мавриди ниёзи ин хоҷагиҳо таъмин мекунанд. Вале маҳсулоте ки ин хоҷагиҳо дар ивази ҳосили пахта аз ин ширкатҳо бо нархҳои дучанду дандоншикан дарёфт мекарданд, умдатан сифати паст дошта, наметавонист ҳама ниёзҳои кишоварзонро бароварда созад.

Ба ақидаи корманди масъули бахши кишовразии ҳукумати Тоҷикистон Миралӣ Шарифов, қабули фармони ҷадиди раисиҷумҳур барои хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон медиҳад дар интихоби харидорони ҳосили пахтаи худ низ озодии бештаре касб намоянд.

Хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 450 000 тонна ҳосили пахта ҷамъ оварданд, ки аз соли 1994 ба ин тараф натиҷае бесобиқа зиёд аст. Кишвар дар соли ҷорӣ дар майдони тақрибан 270 000 гектар пахта кишт кардааст, ки 56 000 гектари онро кишти пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад. Қозидавлат Қоимдодов, муовини сарвазири Тоҷикистон ва масъули бахши кишоварзӣ дар ҳукумати кишвар гуфт, дар соли равон хоҷагиҳои кишоварзӣ барои ҷамъоварии 600 000 тонна ҳосили пахта талош хоҳанд кард. Вай афзуд, бар асари боришоти зиёд дар айни мавсими киштикор хоҷагиҳо маҷбур шуданд тақрибан 20 дар сади замини пахтаро такроран кишт кунанд, ки ин ҳатман ҳам ба миқдор ва ҳам ба сифати ҳосили пахта таъсир хоҳад кард. Аммо бо ин вуҷуд муовини сарвазири Тоҷикистон мутмаин аст, ки кишвараш дар соли равон дасти кам ба ҳосили соли гузашта муваффақ хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи пахтакориро як ҳадафи стратегиаш дар марҳалаи кунунӣ мехонад. Судури фармони раисиҷумҳур дар мавриди лағви андоз аз арзиши изофа барои хоҷагиҳои пахтакорӣ ҷузъе аз як барномаи вижаи ҳукумат дониста мешавад, ки то соли 2005-ум ба ҳудуди 700 000 тонна расонидани ҳосили солонаи пахтаро дар назар дорад. Пахтаву алюминий ду маҳсулоти асосӣ дар таркиби тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Соли гузашта Тоҷикистон 75 000 тонна нахи пахта ва он ҳам ба қимати 71 милён доллар ба кишварҳои хориҷӣ фурӯхт, ки 11 дар сади ҷамъи содироти кишварро ташкил медиҳад. Ва танҳо дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ ҷамъи нахи пахтае ки Тоҷикистон ба хориҷ фурӯхтааст, ба 83 000 тонна баробар шуда, аз ин ҳисоб тақрибан 70 милён доллар вориди кишвар шудааст.

Кишоварзони тоҷик то ҳол дар як шароити тоқатфарсо ва дар ивази музди ночиз пахта парвариш мекунанд. Аммо аз гуфтугӯи масъулин ва мутахассин маълум нашуд, ки як деҳқони оддӣ аз татбиқи фармони раёсатҷумҳурӣ ва аз ин милёнҳо доллари бо заҳмати ӯ ба даст омада оё кадом фоидаи воқеъӣ ва мушаххасе ба даст хоҳад овард?

XS
SM
MD
LG