Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими равуои бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Украина боқӣ мемонад



Тоҳири Сафар



Рӯзи ҷумъа 30-уми август девони вазирони Украина созишномаи байнидавлатии миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро дар мавриди равуои бидуни раводиди шаҳрвандон тасдиқ кард. Ин созишнома 6 июли соли 2001 ум ба имзо расида, низоми убуру мурури бевизаи шаҳрвандони ин кишварҳоро ба қаламрави якдигар дар назар дорад. Ба иттилои хабаргузории Интерфакси Русия ҳукумати Украина гуфтааст, вориди амал шудани қарордоди мазкур ба манфиати ин кишвар хоҳад буд, зеро ба танзими равуои хориҷиён ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунад.



XS
SM
MD
LG